Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

диҳанда бошад дар таркиби қисми дуюм — пас аз аъзои қиёсшаванда меояд:

Падарам бо як хез аз ду бозуям нигоҳ дошт ва ман бошад, пояк зада гирякунон ва фарёдкунон «меравам, меравам» — гӯён нола мекардам. (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Адо кардани қарзи мурдаи падарам ва хӯроки зимистонии мо ба саломат мондани ҳамин ҷуворӣ вобаста буд ва ғӯза бошад, пояхушк шуда кайҳо талаф шуда рафта буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ин одам ба миёни худ чанг меандошт ва Пӯлод бошад, даст дароз карда, дар замин чизеро мекофт (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

Пайвандакҳои вагарна, набошад аз ҷиҳати вазифа синоними ҳамдигар мебошанд. Вале пайвандаки вагарна китобӣ буда, пайвандаки набошад хусусияти умумиистеъмолӣ дорад. Ин ҳар ду пайвандак барои алоқа ва ифодаи муносибати муқобилгузорӣ ва қиёсии байни ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаб истифода мешаванд:

Хайрият ки, модарарӯсам дӯст медоштааст, набошад аз ҳамин тавр оши палави мургин маҳрум мемондам (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Хайрият, дар дӯконҳои Когон ину он ёфт шуда меистаду мо мехарем, набошад дар мо ҳам ҳеҷ чиз небуд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Барои муллои хату савод шарт нест, вагарна бештарини муллоҳои дар ин ҷо нишаста аз сафи муллоён бояд бароянд (С. Айнӣ, Ғуломон).

Муносибати ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайвасти хилофӣ асосан муқобилгузорӣ ва қиёс бошад ҳам, тобиш ва ҷилоҳои маъноии зиёде доранд. Бинобар ин ҷумлаҳои мазкурро аз ҷиҳати ифодаи маъно ва тобишҳояшон ба гурӯҳҳо ҷудо кардан мумкин аст:

а) Хилофи холис. Дар ин гуна ҷумлаҳои мураккаб ҳодисаву воқеа ё фактҳои баробарвазну баробармаъно ба якдигар муқобил гузошта мешаванд:

Гӯё имшаб дар арк ғайр аз амир ва қушбегӣ каси бедоре набуд, аммо бедории онҳо ҳам ба осудагии мазормонанди арк халал намерасонид (С. Айнӣ, Куллиёт). Ман рафиқи шумо барин нависанда ва шеърдон нестам, лекин ман табибам, табъ ва рӯҳи инсонро мешиносам (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

б) Хилофи маҳдудӣ. Дар ин гуна ҷумлаҳои мураккаби пайваст ҷумлаи соддаи дуюм барои амалӣ гардидани он чӣ, ки дар ҷумлаи якум ифода шудааст, имконият намедиҳад, ҳамчун омили маҳдудкунанда воқеъ мегардад:

Ман чакманамро тамоман ба шумо медодам, лекин худам чакмани дигар надорам (С. Айнӣ, Куллиёт). Хат дар хонаи дарун, ба даруни сандуқ аст, лекин ҳозир дар хона меҳмони зан аст (С. Айнӣ, Куллиёт). Боз маро рост карда шинонданӣ шуданд, лекин ба ман ёрои нишастан намонда буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Юнусбоӣ, бешубҳа, одами дилсоф аст, кор кардан мехоҳад, бригадири бад набуд, аммо ба раисӣ зӯраш нарасида истодааст (С. Улуғзода, Навобод).

пешина
аз 312
навбатӣ