Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Бача на ин ки воситаи хурсандии шумост, балки вай гражданини оянда мебошад («Маориф ва маданият»).

Чунон ки зикр шуд, муносибати хилофию муқобилгузорӣ ба воситаи пайвандаки -у низ ифода мешавад:

Аз ғалабаи инқилоби Бухоро ҳафтаю моҳҳо гузаштаасту вай ҳанӯз ягон ҳавлию хонаи дуруст надорад (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).

Дар алоқамандӣ ва ифодаи муносибатҳои синтаксисии ҷумлаҳои соддаи таркибӣ ҷумлаҳои мураккаби пайвасти хилофӣ пайвандакҳои ҳол он ки, ва ҳол он ки, бошад истифода мешаванд. Пайвандакҳои ҳол он ки, ва ҳол_он ки характери китобӣ дошта, пайвандаки бошад дар забони адабӣ ва гуфтугӯ баробар истеъмол меёбад, ки он асосан муносибати хилофии қиёсиро ифода мекунад:

Дар қиёфаи ӯ, дар муомилаи ӯ бо дигарон ҳеҷ гуна осори такаббури «бузургворона» мушоҳида карда намешуд ва ҳол он ки бо хондани китобҳои Айнӣ ӯро одами бокарруфар ва «сипоҳ» тасаввур менамудем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Бори ман қуввати як навҷавони понздаҳ-шонздаҳсолаи тандурустро талаб менамуд, ва ҳол он ки ман бачаи ёздаҳсола будам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Аммо ғайр аз писари Темурмалик дигарон зимистон ба қишлоқи худ бармегарданд ва ӯ бошад тобис-тону зимистон дар он ҷо зиндагонӣ мекунад (С. Айнӣ, Куллиёт). Сафар об ях кардааст мегӯяду ба ман бошад хунук заррае ҳам таъсир накардааст (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Пайвандаки бошад ҳамчун шакли аористи феъли будан ба назар расад ҳам, дар вазифаи пайвандак маънои асосии лексикӣ ва хусусиятҳои феълии худ — замон, сиға ва намудро гум карда, фақат шахсу шумораро нигоҳ медорад: бошам, бошӣ, бо-шад, бошем, бошед, бошанд. Пайвандаки бошад одатан дар таркиби қисми дуюми ҷумлаи мураккаб пас аз калимае меояд, ки объекти муқоиса ва ё муқоисаи хилофӣ қарор мегирад:

Падарашро надида рафтан мумкин нест! Он кас бошанд, ду рӯз боз наомадаанд («Садои Шарқ»). Вахши мо Мисри советӣ аст, дарёи Вахш бошад, Нили советӣ аст (С. Улуғзода, Навобод).

Пайвандаки бошад гоҳо танҳо муносибати қиёсиро ифода мекунад:

Дар ин киштзор гурӯҳе аз занон алафҳои бегонаи сабзӣ ва пиёз барин сабзавотҳои носукро дасткаш мекарданд, мардон бошанд, заминҳои харбуза ва тарбузро варқонӣ, картошкаҳоро каландгардонӣ менамуданд (С. Айнӣ, Дохунда). Соате нагузашта сандуқи Қосимҷон боз ҷои пештараашро ишғол кард, худи Қосимҷон бошад, боз рафта дар пеши самовор нишаст (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).

Дар ҷумлаҳои мураккаби пайвасти қиёсӣ-хилофӣ ёридиҳандаи бошад, бо пайвандаки ва, у ҳамроҳ омада метавонад. Агар онҳо дар байни ду қисми ҷумлаи мураккаби пайваст оянд, ёри-

230

пешина
аз 312
навбатӣ