Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Пайвандаки аммо моҳияти соф хилофӣ, муқобилгузорӣ, муқобилгузории эзоҳӣ, муқобилгузории маҳдудӣ, муқобилгузории қиёсӣ, муқобилгузории хулосавӣ дорад ва серистеъмолтарин пайвандаки хилофӣ ба шумор меравад.

Пайвандаки аммо дар ифодаи муносибатҳои хилофӣ, муқобилгузорӣ ва қиёс бо пайвандакҳои лекин, вале дар ташаккули ҷумлаҳои мураккаби пайваст ҳаммаъно бошад ҳам, вале аз ҷиҳати тарзи истеъмол ва тобиши маъно фарқ мекунад ва онҳо ҳамеша ҳамдигарро иваз карда наметавонанд.

Дар ҷумлаи мураккаби пайваст бо пайвандаки аммо, лекин, вале ифодаи муносибати муқобилгузорӣ ба воситаи дар яке аз хабарҳо (бештар дар хабари ҷумлаи соддаи дуюм) омадани маънои инкор пурқувват мегардад:

Хизматгорон ӯро аз пеши мирзо баровардани шуданд, аммо ӯ рафтан намехост (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Шариф-амакам дастархони маро дида, нон пурсиданд, аммо нон набуд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Пайвандаки балки аз пайвандакҳои аммо, вале, лекин бо хусусиятҳои ҷудогонаи худ фарқ мекунад. Дар ҷумлаҳои мураккаби пайвасте, ки ба воситаи ин пайвандак ташкил меёбанд, аз ду ҳолату вазъияти хилофи якдигар яке содир шуда, имконияти воқеъшавии яке аз онҳо таъкид карда мешавад.

Ин манзараи фоҷиаангез махсуси даштҳо ва беруни шаҳрҳо набуд, балки дар шаҳрҳо ҳам аз гуруснагӣ мурдан дар ҳукми одат даромада буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ба фикри ман, писарам, маро ба ягон бригада ҳамроҳ карда мондан даркор не, балки аз худи мо як бригадаи нав тартиб додан лозим (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).

Дар ҷумлаҳои мураккаби пайваст бо пайвандаки балки хабари ҷумлаи якум, одатан, маънои инкорӣ дорад, ки дар он факт ва ё ҳодисае инкор карда мешавад, дар ҷумлаи дуюм бошад, аз чӣ иборат будани номутобиқатӣ ва ё маънои хилофӣ шарҳ дода мешавад:

Не, ҳамаашон назадаанд, балки чанд нафарашон задаанд (С. Айний, Ғуломон). Замини Сари Чӯй аз они вай нест, балки вай онро кайҳо ба ҳар дуи шумо додааст (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Дар таркиби ҳиссаи якуми ҷумлаи мураккаби пайваст бо пайвандаки балки ҳиссачаҳои таъкидии фақат, танҳо омада, характери номутобиқатии қисмҳои ҷумлаи мураккабро пурқувват мекунанд, ин вақт тарзи ифодаи ҳиссаи дуюми ҷумлаи мураккаб ба тариқи градация торафт пурқувват мешавад.

Ӯ на танҳо хурдсол буд, балки қадаш паст ва танаше қоқи камгӯшт ҳам буд (С. Айний, Куллиёт). Дар он ҷо на танҳо пӯсти одам дигар мешавад, балки шуур ва ҷаҳонбинии он тағйир меёбад (А. Шукӯҳӣ, Нияти нағз).

Дар таркиби ҷумлаи соддаи якум ҳиссачаи инкории на ин ки омада, муносибати ҷумларо равшантар зоҳир мекунад:

пешина
аз 312
навбатӣ