Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
ҷумлаи соддаи аввал сар шудани амали ҷумлаи соддаи дуюмро барҷастатар нишон медиҳанд:
Ҳама баромада рафтанд ва баъд мо аз ҷо хестем («Садои Шарқ»). Мардум аз сидқи дил хандиданд ва баъди ин музокира авҷ гирифт (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Онҳо ба даромади қишлоқ омада якбора хомӯш монданд ва аз мобайн дере нагузашта сиёҳии ҳар дуяшон ҳам дар торикӣ нопадид гашт (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Овози шинос ба гӯшамон расад ва пас аз он ҳама ба ҳуҷум гузаштем («Садои Шарқ»).
ҶУМЛАИ МУРАККАБИ ПАЙВАСТИ ПАЙВАНДАКДОРИ ХИЛОФИ
Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти пайвандакдори хилофӣ ба воситаи пайвандакҳои аммо, лекин, вале, валекин, балки, вагарна, ҳол он ки, ва ҳол он ки, бошад, набошад ташаккул меёбанд. Ҳиссаҳои таркибии ҷумлаҳои мураккаби пайвасти пайвандакдори хилофӣ аз ҷиҳати мазмун ба ҳамдигар хилофу зид, муқобилу номутобиқ ва нобаробар мебошанд. Заминаи реалии ҷумлаҳои мураккаби пайвасти хилофӣ муносибатҳои хилофӣ ва қиёсии байни ашъёву предметҳо, факту процессҳо ё субъектҳо ва амалиёту ҳолати онҳо мебошанд. Муносибатҳои хилофӣ дар забон ба воситаи сохти ҷумла, пайвандакҳо, маънои хабарҳо ва таркиби лексикии ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаб ифода меёбанд.
Пайвандакҳои аммо, лекин, вале, валекин дар ифодаи муносибатҳои хилофӣ ва муқобилгузорӣ асосан ҳаммаъно ва муродифи ҳамдигар мебошанд. Пайвандакҳои аммо, лекин дар услубҳои китобӣ ва гуфтугӯ баробар кор фармуда мешаванд, пайвандаки вале бошад, як дараҷа характери китобӣ дорад:
— Оре, дар он дарёи хуну оташ зани Теғурмалик ҳам монанди ҳазорон занон, бачагону пирон ва беморон ғарқ шуда рафт, аммо тифли навзоди ӯ саломат монд (С. Айнӣ, Исьёни Муқаннаъ). Дар кӯча зери кӯприкҳоро ҳам дида баромаданд, аммо табиби афғонӣ — Асадуллои кобулӣ дар ҳеҷ ҷо набуд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Тӯй гузашт, лекин баробари гузаштани тӯй ба хонаи Бозор азо, мотам ва мусибат омад (С. Айнӣ, Куллиёт). Колхоз ташкил карда кулакро нест кардан лозим, вале кулак ба осонӣ ҷон намедиҳад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Пайвандакҳои лекин, валекин дар назм ба шакли ихтисор — лек, валек ҳам меоянд:
Шаб омад, лек маҳтобам наёмад,
Фурӯғи чашми бехобам наёмад
(М. Фарҳат)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё