Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. Амалу ҳолат ва хусусияту аломати ҷумлаи соддаи якум дар яке аз замонҳо воқеъ шуда бошад ҳам, доимӣ буда, хабари ҷумлаи соддаи дуюм амали дар ҳамон муддат воқеъ гардидаро ифода менамояд:
    Занаш дар фермаи колхоз говҷӯш буду писари яккаву ягонааш Фирӯзҷон ҳамин тобистон ба хондан рафт (И. Файзуллоев, Борони баҳорон). Ҳуҷра танг буд ва онҳо зону ба зону нишаста сӯҳбат мекарданд («Садои Шарқ»). Илми Ленин дарёи бузург аст ва мо аз чандин қатраҳои вай баҳравар шудем (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

Муносибати паиҳамзамонӣ. Дар ифодаи муносибати паиҳамзамонии ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаб хабар роли асосӣ мебозад.

  1. Хабарҳои ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайваст бо шаклҳои замони гузаштаи мутлақи феъл ифода меёбанд, дар муносибати онҳо тартиби ҷой гирифтанашон низ аҳамият дорад. Дар ин ҷумлаҳо тартиби хабарҳои феълӣ ба таносуби замонӣ мутобиқат мекунад:
    Дар кушода шуд ва мо даромадем (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
    Дами гулханнишинӣ рафту айёми баҳор омад (А. Деҳотӣ, Навбаҳори заҳматкашон). Қорӣ-ишкамба аз харидории ман умедашро канда, ба роҳ даромад ва ман аз дунболи ӯ (С. Айнӣ, Марги судхӯр).

  2. Хабари ҷумлаи соддаи якум бо шаклҳои феълии замони гузаштаи мутлақ ва хабари ҷумлаи соддаи дуюм бо шаклҳои феълии замони гузаштаи давомдор ифода мегардад ва бо ин пайдарҳамии амал ифода карда мешавад.
    Дар ин ҳол амали давомноки ҷумлаи охир бевосита пас аз амали мутлақи ҷумлаи аввала воқеъ мегардад:
    Ман зан ва бачагонро бо асбобу анҷомашон ба ин хона кӯчондам ва худам бо писарҳо болои бом баромада регҳои ба боми хона ғуншударо бо бел рӯфта истодем (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
    Мулозим ба меҳмонхона баромад ва Урмон-полвон ҳам аз ҷояш хеста, либосҳояшро пӯшидан гирифт (С. Айнӣ, Ғуломон).
    Меҳмононро аз болои кӯрпа шинонданд ва мӯйсафед ба ҳар дуи онҳо чой кашида медод (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

  3. Хабарҳои ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаи мураккаби пайваст бо шаклҳои феълии замони ҳозира-оянда ифода меёбанд:
    Ҳозир сардори штаби мо, полковник Авдеев меояд, шумо бо ӯ шинос мешавед ва баъд дар бораи дар кадом вазифа кор карданатон маслиҳат мекунем (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Бодбарак ба ҳаво мебарояд ва шамол онро бардошта боло бурдан мегирад (Р. Амонов, Навбаҳори чашмасор).

Дар ифодаи муносибати замонии пасиҳам воситаҳои дигари
забон низ истифода мешаванд. Чунончи, дар аввали ҷумлаи
соддаи дуюм калимаю таркибҳои баъд, сонӣ, пас, баъд аз ин,
пас аз ин, дере нагузашта, ва монанди инҳо омада, пас аз амали

пешина
аз 312
навбатӣ