Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Аз бомаш дудкаши тунукагин зада баромада меистод ва аз он дудкаш дуди ғализи вазнине берун омада, паст-паст паҳн мешуд (С. Улуғзода, Навобод).

  1. Хабарҳои ҳиссаҳои ҷумлаҳои мураккаби пайваст, ки муносибати ҳамзамонӣ доранд, бештар бо шаклҳои феълҳои давомнок ифода меёбанд:

Хӯрду хӯроки ман аз тарафи ӯ ба тарзи миёна таъмин мешуд ва гоҳо либос ҳам медод (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Лампаи мудаввари 40-ум... ба пайкари серпаҳлу ва ба рӯю мӯи аз куҳансолии генерал хабардиҳанда шӯъла меафканд ва забонаки чароғ ҳар замон аз мавҷу гулдурроси тӯппарониҳои наздик ба ларзиш омада, лип-лип бозӣ мекард (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

  1. Хабарҳо амалу ҳолатҳои давомнок ва такроршавандаро нишон медиҳанд ва бо феълҳои намуди давомдор ифода мешаванд:

Ин гуна шаб бештарин бо базми мусиқӣ ва рақс мегузашт ва дар вақти дамгирии навозанда ва хонандагон мушоира ва ё латифагӯӣ сар мешуд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ӯ акнун ҳамеша маро масхара карда гап мезад ва дигарон хоҳу нохоҳ бо хандаҳои худ ӯро дастгирӣ мекарданд (Ю. Акобиров, Баъде ки осиё бозмонд). Модар ва духтар дар поёни хона нишаста гӯзакашӣ мекарданду Дилбар модарашро ба коре тарғиб мекард (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

  1. Хабари яке аз ҷумлаҳои содда бо феълҳои мутлақ ва хабари дигаре бо феълҳои давомнок ифода шавад ҳам, аз ҷиҳати маъно ба ҳам мувофиқат карда, бардавомии амал ва ҳамзамонии ҷумлаҳоро ифода мекунанд:

Ману Пӯлодбой дар меҳмонхона — корхонаи амаки Мирҷамол по ба сандалӣ дароварда бозӣ карда нишаста будему амаки Мирҷамол дар назди чароғ болои сандалича нишаста ба рӯи зонуяш чарм гирифта маҳсӣ медӯхт (Р. Амонов, Навбаҳори чашмасор). Аммо ба сабаби он ҳама корҳои дилбеҷокунанда иштиҳои ман кӯр шуда буд ва дилам чизе наметалабид (С. Айнӣ, Куллиёт).

  1. Хабарҳо амалу ҳолати байтимомрасида, қатъгардидаро нишон медиҳанд ва бо феълҳои намуди мутлақ ифода мешаванд:

Назар ба қавли падарам, бисёр ҷоҳо ва деҳаҳоро рег зер кардааст, бисёр киштзорҳо нобуд шудааст ва аз ин ҷумла боғи ангури бобоямро ҳам рег пахш кардааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар як тарафи зери чинор сағонаи нимхаробае истодааст ва дар болои вай тӯғҳо кашида шудаанд (Ф. Ниёзӣ, Духтари ҳамсоя). Ҳоло шаҳр зеру забар нашудааст ва ҳеҷ воқеаи калон ҳам рӯй надодааст (С. Айнӣ, Одина).

  1. Доимӣ будани амалу ҳолат ва ё аломату хусусият:

Дар тарафи дигари ин хона як суфаи васеи баланд буд ва дар рӯи вай як лаълии тахтагини бисёр васеъ ниҳода шуда буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Вай одатан моҳи март гул мекунад ва гулҳояш бӯи хуш доранд (И. Файзуллоев, Борони баҳорон).

пешина
аз 312
навбатӣ