Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
-у (-ю) дар зимни муносибати замонӣ муносибати сабабу натиҷа низ ифода мешавад:
Амон симеро кашиду паровоз ҳуштаки дуру дарозеро зад (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Амир манифест эълон кардӣ дар байни ҷадидҳо ғулгула барпо шуд (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун).
Як нисфишабӣ бонги хатар баланд гардиду полки мо ба сӯи Ғарм равон шуд (Ф. Ниёзӣ, Ҳар беша).
- Пайвандаки -у (-ю) дар нутқи гуфтугӯ бештар кор фармуда мешавад. Ҷумлаҳои мураккаби пайвасте, ки ба воситаи ин пайвандак ташкил мешаванд, дар зарбулмасалу мақол, панду ҳикматҳо низ бисёртар дида мешаванд:
Дур шиканаду сухан нашиканад (Зрб.). Об дар кӯзаю мо ташналабон мегардем, — Ёр дар хонаю мо гирди ҷаҳон мегардем.
Ҷумлаҳои мураккаби пайваст бо пайвандаки «инчунин»
Пайвандаки инчунин ҷумлаҳои соддаеро ба ҳам алоқаманд мекунад, ки бо якдигар дар муносибати ҳамроҳӣ буда, ҷумлаи дуюм ба ҷумлаи якум ягон фикрро илова менамояд:
Синну соли мо гузаштагӣ, инчунин маориф ташкили дорулмуаллиминро ба мо супоридагӣ (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун).
Бек Мирзокарими Мирохур аз Қанғурт ба тарафи Балҷувон ҳаракат намудааст, инчунин мири Кӯлоб ҳам ба болои Балҷувон лашкар кашида омада истодааст (С. Улуғзода, Восеъ). Ин меҳмонон монанди одамҳои маҳаллӣ таомро бо даст нахӯрда, бо корд бурида, бо чангча гирифта мехӯрданд, инчунин дар пеши ин ду меҳмон ду қадаҳи булӯрин бо шароб меистод (С. Айнӣ, Куллиёт).
МУНОСИБАТҲОИ ЗАМОНИИ ҶУМЛАҲОИ МУРАККАБИ ПАЙВАСТ
Азбаски муносибати замонии қисмҳои ҷумлаҳои мураккаби пайваст ба омилҳои зиёде, пеш аз ҳама, ба муносибати хабарҳо вобаста мебошад ва ин муносибатро ҳангоми истифодаи ҳамаи пайвандакҳо дидан мумкин аст, алоҳида аз назар гузаронидани он авзалтар аст.
Муносибати замонии ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайваст асосан ду хел мешаванд: ҳамзамонӣ ва паиҳамзамонӣ.
Муносибати ҳамзамонӣ. 1. Дар ифодаи ҳамзамонии амалу ҳолат ва умуман ҳодисаю воқеаҳои ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаб шаклҳои замонии феъл — хабарҳои онҳо аксар вақт як хел воқеъ мегарданд ва ба ҳамдигар аз ҷиҳати замон мувофиқат мекунанд:
Мо худро дар торикии зери долони раста гирифта ба суфачаи дӯконе баромада дар паси сутуни долон пинҳон шуда истодем ва ман аз суфачаи дӯкон як порча хишти пухтаро канда гирифта ба ҳар эҳтимол тайёр шуда истодам (С. Айнӣ, Куллиёт).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё