Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
мекард ва ман инро бо тамоми вуҷудам ҳис карда, рӯҳ мегирифтам ва дар дилам ҳиссиёти гарму гуворое пайдо мешуд (Р. Амонов, Навбаҳори чашмасор). Вай ҳайрон шуд ва фурсате чеҳраи сабзинааш ҳаракате зоҳир накард ва чашмонаш ба рӯи ман бо диққат нигаристанд («Садои Шарқ»).
Ҷумлаҳои мураккаби пайваст бо пайвандаки «-у (-ю)»
Дар забони адабии тоҷик пайвандаки дигари серистеъмол
-у (-ю) мебошад, ки он дар адои вазифаи грамматикӣ муродифи пайвандаки ва мебошад. Ин хусусияти онҳо аз ин ҳам маълум мегардад, ки дар ҷумлаҳои мураккаби пайвасти кушода ҳар дуи ин пайвандак дар иҷрои як вазифа меоянд:
Сенафарон бо ҳам ҳайрухуш кардандӯ ду нафар ба тарафе шитобкорон ва Ғулом ҳам ба тарафи ҳавлиаш равона шуд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Як-якуним моҳ нагузашта боз якуми сентябрь меояду мактаб сар мешавад ва ман дигар зарчашмаравию мевафурӯшӣ карда наметавонам (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).
Пайвандаки -у (-ю) бо пайвандаки ва баъзе умумиятҳо дошта бошад ҳам, бо баъзе хусусиятҳои худ фарқ мекунад.
- Бо пайвандаки -у (-ю) ҷумлаҳои соддае ба ҳам алоқаманд мешаванд, ки муносибатҳои ҳамзамонӣ ва паиҳамзамонӣ доранд, вале тафовути ин гуна ҷумлаҳо дар он аст, ки дар ин ҷо амалу ҳолати қисми дуюми ҷумлаи мураккаб фавран, ҳамоно пас аз қатъ гардидани амали ҷумлаи соддаи якум ба вуқӯъ меояд. Дар ин гуна ҷумлаҳо хабари ҷумлаи якум, ки бо пайвандаки -у (-ю) меояд, задаи мантиқӣ гирифта, бошиддат ва баландтар талаффӯз меёбад:
Онҳо нишастанду поезд ба роҳ даромад (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Ба палата духтур даромаду Кумачёв супориши онро ба хотир овард (М. Хоҷаев, Об — рӯшной). - Дар ҷумлаҳои мураккаби пайваст, ки муносибати хилофӣ ва қиёсӣ доранд, асосан пайвандаки пайвасткунандаи -у (-ю) истифода мешавад, пайвандаки ва хеле кам меояд:
Анбори бой аз ғалла пур буду ғаллакор нони шикамсерӣ намехӯрд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Абр гиръёну лолаҳо хандон,
Бод Ларзону сабзаҳо рақсон.
(М. Турсунзода)
Соле як ё ду маротиба ба Қӯқанд меомаданду мухлисонашон як умр гапи он касро мегуфтанд (Р. Ҷалил, Маъвои дил).
Шарофат-хола суханони Нуралиро мешуниду ақлу ҳушаш ба ҷои дигар буд (С. Улуғзода, Навобод).
3) Дар байни қисмҳои ҷумлаҳои мураккаби пайваст бо пайвандаки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё