Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳамин тариқа, аз ин рӯ омада, муносибати сабабу натиҷаи байни ҷумлаҳои соддаро равшантар нишон медиҳанд:

Аз канори боғи наботот дарёчаи шӯхоб ҷорист ва аз ин рӯ ин ҷо хеле сою салқин аст (И. Файзуллоев, Борони баҳорон). Колхозчиён имсол меҳнати зиёд карданд ва дар натиҷа колхоз плани маҳсулотсупориро барзиёд иҷро кард («Садои Шарқ»).

  1. муносибатҳои эзоҳӣ:

Сӯҳбати қаландарона гарм шуд ва садои «ҳақ дӯст ё ҳӯ, ё ман ҳӯ» аз даҳони ҳамаи қаландарон ва ҷавонони ҳамсӯҳбаташон баланд гардид (С. Айнӣ, Куллиёт). Аз ҳавлӣ овози садои патефон баланд буд ва овози форами занона шунида мешуд (С. Улуғзода, Навобод). Он рӯзи фирӯз расид ва шабона аз тӯйхона овози доира ба фалак мепечид (С. Айнӣ, Ёддоштҳо);

  1. муносибати ҳамроҳӣ:

Ӯ пеш даромад ва ман танбӯру табақи ошро бардошта аз ҳавлӣ баромадам (С. Айнӣ, Куллиёт). Тамоми издиҳоми салла берун тохт ва муллои воиз ҳам ба кӯча баромада ҳуш аз сараш парид (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Зиндагии баъдиҷангӣ ниҳоят серташвиш буд ва зиёда аз ин писарам дар ҷанг қурбон шуду ягона нусхаю нишон ва орзую омолам — келинам Саодат аз дунё чашм пӯшид (И. Файзуллоев, Борони баҳорон).

  1. муносибати хилофӣ:

Лекин кор зӯр буд ва танам бараҳна буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Тавассути эҳсосоти хуш қувваи мушақҳои одам 6—10 фоиз меафзояд ва баръакс тез-тез такрор шудани эҳсосоти нохуш ба касалиҳои гипертония, стенокардия ва инфаркти миокард бурда мерасонанд («Маориф ва маданият»). Онҳо сирри душманро ба ту гуфтанд ва ту онро фош кардан нахостӣ (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Рафиқон баъд аз пора карда додани гӯшту равғану пиёз ва сабзӣ ба сайру гашт рафтанд ва ман дар вазифаи ошпазии он ҷо мондам (С. Айнӣ, Куллиёт);

  1. муносибати қиёсӣ:

Маҳтобиҳои газӣ шабафрӯз ва чароғҳои электрикӣ торикисӯз буданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Одил аз мо боло баромад ва Шодӣ аз вай баландтар («Садои Шарқ»).

Пайвандаки ва дар ҷумлаҳои мураккаби пайвасти кушода такрор омада метавонад. Такрори пайвандаки ва, аз як тараф, хусусияти услубӣ дошта бошад, аз тарафи дигар, таъсири анъанаи забони адабиёти классикӣ мебошад:

Шарикон дар он маҷлис маблағи мазкурро сарф намуда, барои худ ва меҳмонони худ зиёфати миёнаҳолонае тартиб доданд ва танбӯрнавози ин шабнишинӣ Раҳими Қанд буд ва вазифаи ғазалхонии ин базмро сурудхонони ҳаваскор адо мекарданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Фойтун ба роҳ даромад, аз паси он ду аспакӣ ронданд ва аз паси онҳо бачаҳои кӯча ва тамошобинон рафтанд ва инчунин аз ҳавлӣ як занак дод гӯён баромаданӣ шуд (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун). Ӯ ба ман падарона муносибат

пешина
аз 312
навбатӣ