Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

гирья мекард (Ф. Ниёзӣ, Вафо). У се рӯз боз рӯи ҷоғақ мехобид ва янгаи Хайригул рӯзи дароз аз пеши вай наҷунбида ба рӯи вай чашм дӯхта менишаст (Ю. Акобиров, Замини падарон).
Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти пайҳаманд, ки муносибати шумур доранд, ба предмету ҳодисаҳои мавҷуда муносибати ягона доштани субъекти амалро ифода мекунанд, ҳолатҳои ягона ва ба ҳам марбут ва мувофиқу мутобиқро нишон медиҳанд:
Большевикон ҳазор андар ҳазоранд ва тамоми халқи мо тарафдори онҳост (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Эргаш давида ба болои хомаи рег баромад ва ман ҳам аз думболи ӯ давидам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ҳаёт пеш меравад ва инсон ҳам ба пеш менигарад («Садои Шарқ»).
Дар ҷумлаҳои инкорӣ муносибати шумуру ягонагӣ гоҳо хеле барҷаста мешавад: Нон набуд, барои нон пухтан орд ҳам набуд, барои орд кардан гандум ва ҷав ҳам набуд ва барои харидани инҳо пул ҳам набуд (С. Айнӣ, Ғуломон).
Муносибати маъноии пайҳам дар байни қисмҳои ҷумлаи мураккаби пайваст асосан ба воситаи пайвандакҳо ва шаклҳои хабари ҷумлаҳои содда ифода мешавад. Дар ташаккули ҷумлаҳои мураккаби пайваст ва ифодаи муносибатҳои гуногуни синтаксисӣ пайвандакҳои пайвасткунандаи пайҳам ва, -у (-ю) ва калимаҳои такрори ҳам... ҳам, чи..., чи, хоҳ... хоҳ хизмат мекунанд.

Ҷумлаҳои мураккаби пайваст бо пайвандаки ва

Пайвандаки ва хусусияти универсалӣ дошта, барои алоқаманд шудани ҷумлаҳои соддае, ки дар байни онҳо муносибатҳои гуногун мавҷуд аст, хизмат мекунад:

  1. муносибатҳои шумур ва номбаркунии ҳодисаҳо, воқеаҳо, ки характери тасвирӣ ва чида доранд:
    Миршаб гоҳо дар айвон ва гоҳо дар даруни он ҳуҷра менишаст ва одамонаш дар ду тарафи кӯча аз айвон андак дуртар монанди сайёдон камин гирифта меистоданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ба рӯи қолини қизилаёқи серпат аз ду тараф якандозҳо партофта шуда ва дар ҳар ҷо-ҳар ҷо болиштҳо гузошта шуда буданд (Ҷ. Икромӣ, Тори анкабут); 2) муносибати сабабу натиҷа:
    Қиличзодаҳо ба роҳи хато, ба роҳи аксулинқилоб рафтаанд ва ҳамаи ин камбағалпарварӣ ва инқилобтарошиҳо рӯякӣ будааст (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун). Дар бари моҳ сиёҳӣ тадриҷан меафзуд ва нолаву зории мардум шиддат мегирифт (Р. Амонов. Навбаҳори чашмасор). Сунбод ҳам ба ҳуҷуми лашкари халифа мунтазир нашуда худ бо лашкараш омада ба муқобили Сова фаромад ва ҷанг сар шуд (С. Айнӣ, Исъёни Муқаннаъ).
    Дар ҳиссаи дуюми ин қабил ҷумлаҳои мураккаб унсурҳои ифодакунандаи хулосаву натиҷа монанди дар натиҷа, оқибат,
пешина
аз 312
навбатӣ