Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

ҶУМЛАҲОИ МУРАККАБИ ПАЙВАСТИ ПАЙВАНДАКДОР

Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти пайвандакдор ба воситаи пайвандакҳои пайвасткунандаи паиҳам, хилофӣ ва ҷудой (истисной) ташкил меёбанд. Таснифи алоқаҳои грамматикии ҷумлаҳои мураккаби пайваст низ дар асоси ҳамин пайвандакҳо ба амал омадааст. Мувофиқи алоқаи грамматикӣ ҷумлаҳои мураккаби пайвасти пайвандакдор ба се гурӯҳи семантикӣ ҷудо мешаванд: а) ҷумлаҳои мураккаби пайвасти паиҳам; б) ҷумлаҳои мураккаби пайвасти хилофӣ; в) ҷумлаҳои мураккаби пайвасти ҷудой.

ҶУМЛАҲОИ МУРАККАБИ ПАЙВАСТИ ПАЙВАНДАКДОРИ ПАИҲАМ

Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти паиҳам дар асоси алоқаи пайвасти паиҳам сохта мешаванд, ки мувофиқи ин фикрҳое, ки ба воситаи ҳиссаҳои таркибӣ ҷумлаи мураккаби пайваст ифода меёбанд, паиҳам дарҷ мешаванд, дар байни ҷумлаҳои соддаи аксарияти ҷумлаҳои мураккаби пайваст муносибати якхелаи шумури чида ва муносибатҳои замонӣ мушоҳида мешавад:
Устод сухан мегуфту ман ба кораш зеҳн мемондам (Р. Ҷалил, Маъвои дил). Дар баҳорон лолаҳо мешукуфанд ва дар тобистон меваҳо мепазанд (А. Шукӯҳӣ, Нияти нағз).

Дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайвасти пайвандакдори паиҳам ҳодисаю воқеаҳо номбар карда мешаванд, шумурда мешаванд, ба тарзи чида воқеъ мегарданд. Интонацияи онҳо низ хусусияти шумур ва тасвирӣ дошта, мураттаб, нисбатан пасту нарм ва ҳамвор аст:
Ӯ ҳамроҳи ман то таги дарвоза баромада маро ба асп савор карда бозмонд ва ман роҳи Карминаро пеш гирифтам (С. Айнӣ, Куллиёт). Баъзе рӯзҳо ба хонаи ӯ ҳамсояҷонҳо ҷамъ мешуданд ва дар суфаи айвони баланду васеъ чақ-чақи гарми занҳои хонашин барпо мешуд (Р. Амонов, Навбаҳори чашмасор). Дар водии Вахши худамон баъзе рӯзҳои саратон гармо ба 40-45 дараҷа мерасид ва ман дар он ҷо ҳафтаҳо ва моҳҳоро бидуни оҳу воҳу шикваю шикоят гузаронидаам (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).

Дар қисмҳои таркибии ҷумлаҳои мураккаби пайвасти паиҳам, ки дар асоси муносибатҳои шумуру тасвирӣ ташкил меёбанд, манзараҳои гуногуни табиат, ҳодисаю воқеаҳои гуногун, ҳолату вазъият ва портрети одамон тасвир меёбанд:
Дар охири тобистон тамоми меваҳои боғи Қайюм хушк шуда, аз шох рехтанд ва гӯзаҳо ҳам дар болои гӯзапоя пӯсида хушк шуданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Бухорои озод аз басмачиён ҳам тоза гардид ва дар ҳама ҷои хоки Бухоро ҳукумати шӯ- роӣ таъсис шуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Модару фарзанд ҳамин тавр якчанд дақиқа хомӯш монданд ва Умри-хола аввалин бор дар умри худ дар мобайни мардум аз ашкҳои худ шарме накарда

пешина
аз 312
навбатӣ