Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
мекард (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Дар вақти вохӯрдӣ одами пешгоҳнишин нимхез шуд, аммо он ду мӯйсафед китфҳояшонро наҷунбонда дасташонро дароз карданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ба инчунин хизматҳо на танҳо Одина кор мекард, балки як сад нафар мардикорони тоҷик, узбек ва барбарӣ дар таҳти дасти як нафар пудратчӣ кор мекарданд (С. Айнӣ, Қуллиёт). Албатта, барои шеър гуфтан на замон шарт аст, на валӣ будан (С. Айнӣ, Қуллиёт).
6. Дар ташаккул ва робитаи ҷумлаҳои мураккаби пайваст такрори калима низ роҳи махсус мебозад:
Бе ту нагзашт аз гулӯям об ҳам,
Бе ту дар чашмам наомад хоб ҳам.
(М. Турсунзода)
Бо ин нигоҳ Зебӣ дар чашмони шӯълавари ӯ ифодаи меҳру вафои беинтиҳоро пай бурдагӣ барин шуд ва ин ифодаи меҳру вафо дар дили Зебӣ боз як ғунчаи нави муҳаббатро во кард (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
- Яке аз аломатҳои ҷумлаҳои мураккаби пайваст параллелизми структуравӣ ба шумор меравад. Ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаи мураккаби пайваст аз ҷиҳати ифода ва тартиби аъзоҳояшон ба якдигар мувофиқат мекунанд. Асоси грамматикӣ ва маъноии параллелизми структуравӣ ба нуқтаҳои марказие вобаста аст, ки дар таркиби ҷумлаҳои содда мазмунан ба якдигар мувофиқу монанд мешаванд, бо ҳамдигар муқоиса карда мешаванд ё муқобил меистанд, баъзе калимаву таркиб ва ибораҳо айнан ё қисман такрор мешаванд:
Либоси вай ҳар касро фирефта карда метавонист, аммо гуфтору кирдораш ҳеҷ касро фиреб дода наметавонист (С. Айнӣ, Куллиёт). Аз беруни шаҳр ояндагон кам буданд, лекин аз даруни шаҳр мебаромадагон бисёр-бисёр буданд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Ҳама бо дастархон неомаданд, лекин домуллои мо бо чӯби дароз омада буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Вай сар набардошта мехонд, намояндагон дам набароварда гӯш мекарданд (У. Кӯҳзод, Қини Хумор).
Дар ҳамаи ҷумлаҳои овардашуда аъзоҳои ҳиссаҳои таркибии ҷумлаҳои мураккаби пайваст ба тарзи мувозӣ (параллел) омадаанд. Чунончи, тартиби аъзоҳои ҳар ду ҷумлаи соддаи ҷумлаи мураккаби якум ба тарзи мубтадо — муайянкунанда — пуркунанда — хабар воқеъ шудаанд ва таркиби хабарашон як хел аст. Дар ҷумлаи дуюм тартиби аъзоҳои ҷумлаи ҳар ду ҷумлаи содда чунин аст: ҳоли макон — мубтадо — хабар.
Ҷумлаҳои мураккаби пайваст аз рӯи иштироки пайвандакҳо ба ду гурӯҳи асосӣ ҷудо мешаванд: ҷумлаҳои мураккаби пайвасти пайвандакдор ва ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандак.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё