Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

даромад, аммо дар он ҷо бисёр истода натавонист (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Сабур боз тақрибан ним соати дигар аз ин сари кор ба он сари кор рафта, дар саҳни фабрика гашт ва дар ин вақт Гулрӯ аз кабинети худ берун набаромад (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

  1. Баъзе ҷумлаҳои мураккаби пайваст ба таври эллиптикӣ воқеъ мегарданд, яъне яке аз қисмҳои таркибии онҳо шаклан нопурра ифода ёфта, маҳз ба туфайли қисми дигари ҷумлаи мураккаб пурра тасаввур карда мешавад. Ҳодисаи эллипсис бештар дар қисми дуюми ҷумлаи мураккаби пайваст рӯй медиҳад:

Ӯ аз ман шеър талаб кард ва ман — аз ӯ (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҳамаи ин ҳодисаҳо як тараф шуду вохӯрӣ бо Аҳмадҷон-амак — як тараф (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Дар ин тарафи ароба босмачӣ меистод ва дар он тарафи ароба — Гулрӯ (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Абдулло аз корҳои матбаа гап мезаду ман — аз корҳои редаксияи газетамон (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).

Дар ҳолати як хел будани хабарҳо, бандакҳои хабарӣ, феълҳои ёридиҳандаи хабари ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайваст ҳодисаи эллипсис бештар дар қисми якуми ҷумлаи мураккаб рӯй медиҳад:

Дар рӯ ба рӯи ман одами қушбегӣ ва дар паҳлӯям ҳам яке аз онҳо менишаст (С. Айнӣ, Куллиёт). Раҷаб ва Сабур хайрухушкунон ба тарафи лаби дарё ва Пӯлоду Гулрӯ ба тарафи кинотеатр рафтанд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Даруни чӯй тамоман рег ва атрофаш хоки регомез буд. (С. Айнӣ, Куллиёт).
Дар дасти яки онҳо шафтолу ва дар дасти дигараш зардолу буд (Ҷ. Икромӣ, Зоғҳои бадмур). Иморати ин мадраса аз хишти пухта, тарафи пешаш дуошӯена ва аз тарафи берун дукатора (болову поён) равокдор аст (С. Айнӣ, Дохунда). Ҳаво соф ва кӯчаҳо ором буд (Ӯ. Кӯҳзод, Як рӯзи дароз).

  1. Дар таркиби яке аз аъзоҳои ҳиссаи дуюми ҷумлаи мураккаби пайваст бандакҷонишинҳои соҳибӣ омада, муносибати бо ҳиссаи якуми ҷумлаи мураккаб доштаи ҳиссаи дуюмро далолат мекунанд:

Қушбегӣ — Мирзо Насрулло бо либосҳои расмӣ бар болои остонаи дарвозаи арк рост меистод ва дар дасташ як хат буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Хусрав аз талу теппаҳои сердолу дарахт чашм намеканд, лекин ҳӯшу ёдаш ба ҷои дигар банд буд («Садои Шарқ»). Вай сухани худро шоирона сар карданӣ буд, аммо ягон калимаи зебо ба ёдаш намеомад (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).

  1. Дар қисми аввали ҷумлаи мураккаби пайваст аъзои пайраве меояд, ки ба ҳар ду қисми он мансуб аст. Дар ин маврид бештар хол, алалхусус, ҳоли макону замон ва пуркунанда истифода мешаванд:

Дар ин дам дар ошхона кайвонӣ ва хизматгорҳо хамир завола мекарданд, танӯрро оташ дода буданд ва дар болои суфа
оими калонӣ қаҳ-қаҳзанон ханда нишаста бо Бибизагора шӯҳиҳо

пешина
аз 312
навбатӣ