Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
ҷой нест (С. Айнӣ, Ғуломон). Дашт дилкаш, боғ зебо, кӯҳсорон хушнамуд, — Хуррамиро дида меҷӯшад муҳаббат дар вуҷуд (М. Фарҳат). Дар он миён рус ҳам буд, тотор ҳам буд, турк ҳам буд, узбеку туркман ҳам буд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти баста танҳо аз ду ҷумлаи содда иборат шуда метавонанд, имконияти потенсиалии зиёд шудан надоранд. Қолибҳои грамматикии ҷумлаҳои мураккаби пайвасти баста ва муносибатҳои синтаксисию маъноии байни қисмҳои онҳо гуногунанд. Ҷумлаҳои мураккаби пайваст, ки муносибатҳои хилофу қиёс, сабабу натиҷа, маҳдудию эзоҳӣ доранд, ба ҳамин гурӯҳ дохил мешаванд:
Аҳолии деҳанишин ҳам ба чорводорӣ машғулӣ мекарданд, чорводорӣ барои инҳо касби асосӣ набуда, балки як пешаи иловагӣ ба шумор мерафт (С. Айнӣ, Куллиёт). Лоиҳаи стансия ҳам кашида шуд, аммо аз боиси ҷанг ин корро хобонда монда буданд (С. Улуғзода, Навобод). Аз боғчаи гулзор ба димоғи ӯ бӯи хуш расид ва ӯ бо ҳаловати том нафас кашида, дар худ нашъаи ширине ҳис кард (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Вай шоҳу навадаҳоро саҳтакак мезад ва ҷодар аз тути шаҳдбор пур мешуд (И. Файзуллоев, Борони баҳорон).
АЛОМАТҲОИ СТРУКТУРИИ ҶУМЛАҲОИ
МУРАККАБИ ПАЙВАСТ
Дар алоқаи ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайваст на танҳо пайвандакҳо, интонатсия, мувофиқати шаклҳои феълӣ — хабарҳо, ҷой ва тартиби ҷумлаҳои содда, балки дигар воситаҳои лексикиву грамматикӣ низ истифода мешаванд.
-
Дар таркиби ҷумлаи соддаи дуюм ҷонишинҳои шахсӣ омада, муносибати байни субъектҳо ва объектҳои грамматикии қисмҳои ҷумлаи мураккаб ва ё як предмет будани онҳоро нишон медиҳанд: Шеъри сеҳрангези Бедил ҳатто худи Оймуллоро ба шӯр андохт ва ӯ тоқат карда натавонистӣ мисраи охирини ғазалро боз такрор хонд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Мо ба шоҳзода илм омӯхтем, аммо ба ӯ ақлу идроку тамиз омӯхтан аз дасти мо намеояд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ман устои Каримро мард хаёл мекардам, аммо вай як зани миёнақади хеле калонсол ва чашмкабуд будааст (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо). Абу аввали номаш, нисфи он буд, лекин ҳама ӯро Абу меномиданд (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунҷакӣ).
-
Дар таркиби ҷумлаи соддаи дуюм калима ва таркибҳои ишорати омада, муносибати байни ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаби пайвастро нишон медиҳанд, ба маъмуни умумӣ ё ҷузъии ҳиссаи якум ба таври хулоса ё умумӣ ишора мекунанд:
Ман гоҳо ба ӯ чор-панҷ танга аз дӯкон медодам, аммо инро
падарам намедонист (С. Айнӣ, Куллиёт). Табиатро бисёр одамон дӯст медоранд, вале ин барои муҳофизати гул-гулшукуфии он кифоя нест («Мактаби Советӣ»). Пӯлод ба ҳавлии Рустам-амак

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё