Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамсафарон аз кӯчаи масҷид баромаданд ва ман аз дунболи онҳо равон шудам (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).

Дар таркиби ҳиссаи якуми ҷумлаи мураккаби пайваст низ воҳидҳое меоянд, ки ба ҳар ду қисми ҷумлаи мураккаб мансубият дошта, онҳоро аз ҷиҳати шаклу маъно ба ҳам зич пайваст менамоянд. Он воҳидҳои муштарак дар бисёр мавридҳо аъзои пайрави ҳар ду ҷумлаи соддаи таркиби ҷумлаи мураккаб ба шумор мераванд:

Дар ҳавлии Азимшоҳ асбоби зиёфат омада ва дастархон бо неъмати алвон ороста буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Соати ёздаҳи шаб тӯдаи қоғазҳои бисёре дар рӯи столик Пӯлод ҷамъ омада буд ва ду кас бо ҳаяҷон, эътимод ва муваффақияти кори худ маълумотҳо, рақамҳоро дида мебаромаданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

Ҳамин тавр, мустақилияти маъноӣ ва грамматикии қисмҳои таркибии ҷумлаҳои мураккаби пайваст хусусияти нисбӣ дорад.

Ҷумлаҳои мураккаби пайваст аз ҷиҳати имконияти потенциалии кам ё зиёд шудани миқдори ҷумлаҳои соддаи таркиби худ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: кушода ва баста.

Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти кушода таркибан аз ду ва ё зиёда ҷумлаҳои содда иборат шуда метавонанд. Ин гуна ҷумлаҳои мураккаби пайваст имконияти потенциалии қабул кардани ҷумлаҳои соддаи дигар низ доранд:

Гули гелос дар чанги ҳаво буд,
Барои ҳамл олу ғунчаво буд,
Бунафша дар лаби ҷӯ ноз мекард,
Гули садбарг чашмаш боз мекард.
Чакидан дошт чак-чак шираи ток,
Тапидан дошт аз гармӣ дили хок

(М. Турсунзода, Куллиёт)

Ҳаво соф ва кӯчаҳо ором буд (Ӯ. Кӯҳзод, Як рӯзи дароз).

Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти паи ҳам ва ҷудой ба ҳамин гурӯҳ дохил мешаванд. Маҳз пайвандакҳои пайвасткунандаи паи ҳам ва ҷудой вобаста ба миқдори факту ҳодисаҳои чида ё номбаршаванда такроран омада, хусусияти полисиндетоний зоҳир карда метавонанд:

Ӯ як байт хонд ва ба ӯ ҷавоб додам ва ӯ ҷавоб дод ва боз ман ҷавоб додам ва бо ҳамин тариқа мо ноист тахминан 15 дақиқа байтбаракбозӣ кардем (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти кушода як хел нестанд. Дар баъзеи онҳо тартиби ягонаи қисмҳои ҷумла дида мешавад, дар гурӯҳи дигар яке аз қисмҳои таркибӣ нопурра ифода меёбад, дар гурӯҳи сеюм яке аз аъзои пайрави ҷумла ба ҳар ду қисм мансубият дорад: Зимистон сахт, барф ғафс, сару тан тунук, барои хӯрдан нон нест, барои сӯхтан ҳезум нест, барои хизмат

пешина
аз 312
навбатӣ