Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
баён кардани фикреро нигоҳ медорад, барои ифодаи фикрҳои ҷудогонаи баробарҳуқуқ ва нисбатан озод шароиту вазъияти мусоид фароҳам меоварад: Кӯчаю бозорҳо ҳанӯз аз ояндаю равандагон холӣ нашуда буданд, дӯкондорҳо дар тараддуди дӯконҳои худро баста ба ҳавлиҳо баргаштан буданд, ҷавонҳо барои сайру гашти бегоҳӣрӯзӣ ба лаби ҳавзи Девонбегӣ мерафтанд, дӯконҳои баққолӣ дар тоқи Телпак ва дигар ҷоҳо буданд ва бо чандин фонус гирду атрофро равшан карда, матоъҳои худро ба назари харидорон гузошта буданд (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун). Насими фараҳбахш мевазид ва кас бо озодии том аз ҳавои тоза нафас гирифта, дар бадани худ қувваи наве ҳис менамуд (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).
Муносибат ва алоқаи маъноию грамматикии байни ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаби пайваст бо ёрии пайвандакҳои пайвасткунанда, интонасия, мутобиқати шаклҳои ифодакунандаи замон ва воситаҳои гуногуни лексикӣ ба амал меояд. Пайвандакҳо воситаи асосии ташаккули ҷумлаҳои мураккаби пайваст ва нишондиҳандаи муносибатҳои синтаксисии ҷумлаҳои соддаи таркиби он ба шумори мераванд.
Вобаста ба тарзу шакли ифодаи қисмҳои таркибии ҷумлаҳои мураккаби пайваст муносибатҳои грамматикию маъноии байни онҳо ҳар хел воқеъ мегардад. Баъзан онҳо дар мавридҳои муайян мустақилияти маъноӣ ва озодии худро пурра нигоҳ медоранд, дар ҳолати дигар аз ҷиҳати сохт ва маъно ба якдигар вобаста мешаванд. Нисбатан мустақил будани ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаб ба ҳолати автосемантикии онҳо вобаста аст, ки дар ин ҳолат таркиби лексикии ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаб ба тафсил ё шарҳу эзоҳи дигар эҳтиёҷе надорад, ҳар як ҷумлаи содда аз ҷиҳати маъно ва структура мукаммал аст:
Ҳаво соф буд, осмон бо ранги нилобаи бегубор медурахшид, офтоб паҳн шуда тамоми ёбокро дар нури пурсурури худ ғарк карда буд (С. Айнӣ, Ғуломон). Дар лаби ҷӯйборҳо сабза меда-мид, дар кӯталу теппаҳо табиат аз лола қолин мегустурд, ка-мари кӯҳҳо қирмизӣ метобид ва қуллаҳои баланди барфин дар уфуқи лоҷувард ҷодари азими оҳарии қӯббадор афрошта бу-данд (Ф. Ниёзӣ, Ҳар беша...).
Дар ҳолати дигар ҳиссаҳои таркибии ҷумлаҳои мураккаби пайваст ба ҳамдигар чӣ аз ҷиҳати маъно ва чӣ аз ҷиҳати сохти грамматикӣ вобаста ва алоқаманд мебошанд. Ин гуна ҳолатро синсемантикӣ мегӯянд. Ҳодисаи синсемантикӣ аломатҳои хоса дорад, ки бо ёрии воситаҳои махсуси забонӣ зоҳир мешавад. Масалан, дар қисми дуюми ҷумлаи мураккаби пайваст воҳид-ҳои ишоратие меоянд, ки ба қисми якум вобаста будани онро далолат мекунанд: Мо ба сари пули Меҳтар Қосим расидем, аз ин ҷо роҳи бади «асфальтӣ» сар мешуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Роҳи калон сангфарш карда шуда буд, дар он аробаҳо, фойтун-ҳои бисёре рафтуомад мекарданд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё