Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
мураккаб дорои якчанд мубтадо ва хабар буда, дар ҷумлаи содда аксар вақт як мубтадо ва як хабар кор фармуда мешавад. Ҷумлаҳои мураккаб низ монандӣ ҷумлаҳои содда воситаи ахбор буда, барои ташкил додан, ифода намудан ва фаҳмонидани фикр хизмат мекунанд, ба ҳастии реалий чӣ гуна муносибат доштани гӯяндаро нишон медиҳанд. Аммо ҷумлаҳои мураккаб ифодакунандаи идроки мураккабтари ҳастӣ, тасаввуроти робитаҳои мураккабтари байни ҳодисаҳои он мебошанд ва, табиист, ки мустаъмал гардидани онҳо ба давраҳои нисбатан инкишофёфтаи забон ва шуури инсон вобаста аст. Ҷумлаи мураккаб воҳиди полипредикативии нутқ ба шумор меравад, яъне онҳо аз ду ва ё зиёда қисмҳои предикативӣ иборат мебошанд. Ҳар яке аз ин қисмҳо асоси грамматикии худро дорад ва ба қолиби ҷумлаҳои содда монанд аст. Аммо онҳоро шартан «ҷумлаи содда» меноманд, чунки онҳо дорои аломатҳои асосии ҷумла (хусусиятҳои модалӣ ва предикативӣ) бошанд ҳам, фақат мустақилияти нисбии структуравӣ дошта, аз ҷиҳати маъно ва интонация ҳанӯз нотамом мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо аз лиҳози мазмун ва сохти грамматикии худ ба ҳамдигар хеле алоқаманд ва вобаста мебошанд.
Ҷумлаҳои мураккаб аз рӯи муносибати маъноӣ ва алоқаи грамматикии байни ҷумлаҳои соддаи таркиби худ ба хелҳои зерин ҷудо мешаванд: ҷумлаҳои мураккаби пайваст, ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ва ҷумлаҳои мураккаби омехта.
Ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайваст, ки як андоза мустақилияти нисбии грамматикӣ ва маъноии худро нигоҳ медоранд, дар асоси алоқаҳои нисбатан оддии грамматикӣ, алоқаи паи ҳам, хилофӣ, муқоисавӣ, ҷудоӣ муттаҳид мегарданд. Ин робитаҳо бештар ба воситаи пайвандакҳои пайвасткунанда сурат мегиранд.
Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ робитаҳои мураккабтари байни ҳодисаҳои ҳастиро ифода мекунанд, аз ин сабаб ҷумлаҳои соддаи таркиби онҳо низ дар асоси алоқаҳои мураккабтари мантиқии байни ашъёҳо ва ҳодисаҳо ба ҳам алоқаманд мегарданд, қисмҳои таркибии ҷумлаҳои мураккаби тобеъ байни худ муносибати тобеӣ доранд.
Воситаҳои алоқаи грамматикии ҷумлаҳои мураккаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик пайвандакҳо ва калимаҳои пайвандакӣ, интонасия, тартиби ҷойгиршавии қисмҳои ҷумлаи мураккаб, мутобиқати шаклҳои феълӣ — хабарҳо, калимаҳои ҳамнисбат ва як миқдор воситаҳои лексикӣ-грамматикӣ мебошанд.
ҶУМЛАИ МУРАККАБИ ПАЙВАСТ
Ҷумлаи мураккаби пайваст аз ду ва ё зиёда ҷумлаҳои соддаи баробарҳуқуқ дар асоси алоқаи пайваст ташкил меёбад. Хусусияти алоқаи пайваст дар он зоҳир мешавад, ки ҳар як ҷумлаи соддаи таркиби ҷумлаи мураккаб имконияти мустақилона

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё