Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Агар тамоми ҷумла иборат аз ахбороти нав бошад, мухотаб дар охири ҷумла меояд:
Вой модаракат гиргиртон шавад, модаракат аз сараки азизат гардад, бачаҷонам! — овози модар меларзид (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Бандаи дирӯза акнун ҳокимият мекунад,
Ҳеҷро ҳар чиз кардӣ, зинда бош, эй инқилоб!
(А. Лоҳутӣ)
Ваҳ, чӣ рахшонӣ, эй шарораи сурх,
Ҷон фидои ту, эй ситораи сурх.
(А. Лоҳутӣ)
ҶУМЛАҲОИ МУРАККАБ
Ҷумла воҳиди асосии предикативӣ ва коммуникативии нутқ мебошад ва дар шаклу қолибҳои гуногун зоҳир мешавад. Асоси онҳоро ҷумлаҳои содда ташкил медиҳанд. Аммо эҳтиёҷоти тафаккури инсон дар забон қолибҳои нави нутқро ба вуҷуд меоварад, ки аз маҷмӯи ҷумлаҳои содда иборат буда, дар байни онҳо алоқаҳои муайяни маъною грамматикӣ мавҷуд аст.
Ҷумлаи мураккаб нисбат ба ҷумлаи содда воҳиди ба дараҷаи олӣ ташаккулёфтаи синтаксис аст, ки аз ду ва зиёда ҷумлаҳои содда ташкил ёфта, дорои ягонагии маъно, сохт ва савту оҳанг мебошад. Ҷумлаҳои мураккаб дар асоси ду навъи алоқаи грамматикӣ — пайваст (паратаксис) ва тобеъ (гипотаксис) ташкил меёбанд. Дар алоқаи пайваст қисмҳои таркибии ҷумлаи мураккаб ба андозаи мустақилияти маъной ва шаклию худро нигоҳ медоранд, нисбатан озод ва баробарҳуқуқ мебошанд; дар алоқаи тобеъ бошад, ифодаи як ҳиссаи ҷумлаи мураккаб ба воқеияти ҳиссаи дигари он вобаста аст: онҳо ба ҳамдигар сахт пайванд ва вобаста буда, яке барои шарҳу эзоҳи дигаре хизмат мекунад:
-
Солҳо паи ҳамдигар мегузаштанд ва Зӯҳро бо дугонаҳои толиби илми худ ҳар сол ба як зинаи нави илмомӯзӣ қадам мегузошт (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
-
Қаҳрамони ҳикоя, ки то имрӯз ҳам барҳаёт мебошад, дар ҷангҳои зидди ҳукумати подшоҳӣ, зидди босмачиён, дар муборизаҳои зидди душмани дохилӣ фидокорона иштирок карда, роҳи пуршараферо тай карда омадааст (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).
Ҷумлаи мураккаб аз ҷумлаи содда фарқ дорад. Ҷумлаҳои мураккаб камаш аз ду ҷумлаи соддаи ба ҳам алоқаманд ташкил меёбанд. Қисмҳои таркибии ҷумлаи мураккаб бо хабарҳо ва субъектҳои гуногун ифода меёбанд, бинобар ин ҳар як ҷумлаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё