Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ба саҳро мебароям, вақти кор аст,
Писар, акнун барои ман баҳор аст.
(М. Миршакар)
Мухотабҳои тафсилӣ бо ибораҳо ифода мешаванд:
Солҳо хобидай, эй кӯҳсори тоҷикон,
Дар сари ганҷинаҳо чун посбони безабон.
(М. Турсунзода)
Эй ватани азизи ман, зудтар маро ба оғӯши марҳамати худ каш (С. Айнӣ, Ятим).
Дилбари чобуксавори ман, биё,
Навдаи боғи баҳори ман, биё.
(М. Фарҳат)
Дӯстони азиз! Водиҳои Ёвон ва Обикиик нигарони шумоянд (Ғ. Мирзо, Меҳнат мукофот аст).
Мухотаб ба тарзи такрор ва чида низ меояд:
Шери бобо, шакари бобо, баҷо ҳастӣ! (А. Деҳотӣ).
Не, намемирӣ ту, эй духтар, диловар, қаҳрамон, Эй асил одам, Ҷамила, ту ба дасти золимон.
(В. Асрорӣ)
— Гулрӯҷон, қудо, Пӯлодакам омад, Пӯлод омад (Р. Ҷалил, Одамони Ҷовид).
Биё, биё, обаки ширини мо,
Биё, биё, обаки заррини мо,
Ҳамдами мо, ҷӯраи дерини мо.
(М. Миршакар)
Духтаракам, нури чашмам, — гуфт кампир. — Ман туро бо орзу ва ҳавас калон кардаам (Ҳаким Карим, Оқшуда).
Мухотаб вобаста ба азму мақсад ва оҳанги гуфтор дар аввал, мобайн ва охири ҷумла меояд. Мақсади гӯянда шунавандаро ба шунидан тайёр кардан ва диққати онро ба худ кашидан бошад, мухотаб дар аввали ҷумла меояд: Рафиқон! Таърихи ободии Тоҷикистон аз анҷумани якум сар мешавад (С. Айнӣ, Куллиёт). Писарам, аз ин роҳат гард (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
Гӯянда бо мақсади ба қисмҳои фаъоли ахбор ҷалб кардани диққати шунаванда мухотабро дар мобайн меорад: Андак истед, Баротов, ман ба шумо як-ду даҳан гап дорам (С. Улуғзода, Навобод). Намондед, ки, ака Сафар, андак бихобам (С. Айнӣ, Ғуломон).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё