Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Эй далер, эй ҷасури беҳамто,
Писари шери халқ — Гастелло,
Номат афсонаи ҷаҳон кардӣ,
Зикати шеъру достон кардӣ.

(М. Турсунзода)

Авф кун, хонанда, эй донандаи асрори ман,
Мавҷ дар пӯлод ҷустан нест оё кори ман?

(М. Қаноат)

Мухотаб гоҳо ба воситаи ҷонишинҳо низ ифода мешавад:
Ба ман нигар, ту! — муроҷиат кард вай ба Шодигул (С. Улуғзода, Навобод).

Нидо ҳам дар ҷумла ҳамчун воситаи муроҷиат истифода мешавад:
Ҳой, аввал ба гапам гӯш кун! Ба куҷо меравӣ? (Р. Ҷалил,
Одамини ҷовид).

Нидо бо мухотаб якҷоя омада, муроҷиатро пурқувват мекунад:
Эй Дохунда, ҳанӯз ту содда будай, магар ту надонистай, ки «об аз боло лой аст» (С. Айнӣ, Дохунда). Ӯй мардум, нашунидам нагуед, босмачиҳо бо тадбири оқилонаи ман тамоман гурехтанд (С. Айнӣ, Ғуломон). Ӯй одам! Аз ту мепурсам, ба инҳо чӣ шуда бошад, мегӯям (С. Айнӣ, Ғуломон).

Ибораҳои синтаксисӣ ва фразеологӣ низ ба вазифаи мухотаб меоянд:

Эй комсомоли кишвари тоҷик, чу бахти мо
Поянда бош! Ҷаҳду ҷадал кун! Зафар намо!

(А. Деҳотӣ)

— Эй, сари шӯрида, сардору мададгори ту кист?
— Ватанам!

(Қутбӣ Киром)

ТАРКИБ ВА ҶОИ МУХОТАБ

Мухотаб содда, тафсилӣ ва чида мешавад. Мухотабҳои содда бо як калима ифода меёбанд:

Дӯст дорам, модарам, бо ёди ту қишлоқро,
Рӯдҳои нуқрагину нилгун офоқро.

(М. Турсунзода)

— Одина! Шишаки сиёҳ дар куҷост? (С. Айнӣ, Одина).

пешина
аз 312
навбатӣ