Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар,
Пас, макун аз оташи сӯзон ҳазар.
(М. Турсунзода)
Ин тарзи истифодаи мухотаб дар байти мақтаи ғазал бештар ба назар мерасад:
Саъдӣ, ту бирав, хайма ба гулзори дигар зан,
К-ин меваи боғи ту ба тороҷ расидаст.
(С. Шерозӣ)
Мухотабҳои ғайришахсӣ нисбат ба предметҳои ҷондори ғайриинсон ва предметҳои беҷон гуфта мешаванд. Мухотабҳои ғайришахсие, ки ба предметҳои ҷондор нигаронида шудаанд, як навъ муроҷиати бевосита ё бавосита ба ҳайвонот, паррандагон, хазандагон мебошанд:
— Хӯр, Хайбарам, хӯр, — гуфт Неқадам ба саг нигоҳ карда (С. Айнӣ, Ғуломон).
Мухотабҳои ғайришахсӣ, ки ба ҳодисаҳои гуногуни табиат ва ҷамъият нигаронида мешаванд, нутқро таъсирнок ва мунтантан мегардонанд. Ин мухотабҳо дар адабиёт бо истилоҳи ташхис маълуманд. Онҳо дар назми лирикӣ зиёдтар дучор мешаванд:
То ҷаҳон ҳаст, зинда бош, Октябрь!
Мисли хуршед нур пош, Октябрь!
(А. Деҳотӣ)
Эй сабо, аз мо расон бар дӯстон, омад баҳор,
Ҳам хабар кун наварӯсони чаман, омад баҳор.
(М. Турсунзода)
Баҳор, боз омадӣ?
Биё!
Марҳабо!
(Ҳаким Карим, Баҳор)
Мухотаб асосан ба воситаи исм ифода меёбад. Ба вазифаи мухотаб ҳамаи хелҳои лексикиву грамматикии исмҳо меоянд: Дар ин кӯҳ, Пӯлод Қодирович, ин гуна хазинаҳо кам нестанд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). ... зуд биё, духтарам ид ҳам наздик расид (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳӯй, мардум, ба иғво напаред, ба ман нигоҳ кунед (С. Айнӣ, Ғуломон).
Ҳиссаҳои нутқи дигар, ки мафҳуми предметӣ пайдо карда, ба исм гузаштаанд, низ ба вазифаи мухотаб меоянд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё