Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Вақти ман сарфи туст, коммунист,
Сарфи ҳар як ҳарфи туст, коммунист!
(М. Турсунзода)
Байрақро ҳеҷ гоҳ аз даст намегузорам, рафиқ командир (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Мухотабҳои шахсии бевоситае, ки ба умум, шахси дуюми ҷамъ нигаронида мешаванд, бештар ба ҳолату вазъияти муайяни иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию мадании одамон вобаста мебошанд. Онҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, залу аудиторияҳо, маҷлису машваратҳо, ҷамъомаду маъракаҳо аз тарафи нотиқон, маърузачиён, лекторҳо, роҳбарон, сардорон, музокирачиён, муроҷиаткунандагон ва ғайра гуфта мешаванд:
Рафиқон! Аз ин сагҳо натарсед,
Шумо кӯҳед, аз ин бод наларзед.
(А. Лоҳутӣ)
Коммунистон, як қадам ба пеш! Комсомолон, як қадам ба
пеш! (И. Файзуллоев, Борони баҳорон). Падарони азиз, барои
ин шердилиатон раҳмат! (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид);
б) мухотабҳои шахсии бавосита. Ин хели мухотабро муроҷиатшуда имконияти шунидан надорад: масофа дур аст, ё имконияти бевоситаи гуфтан нест ва ё умуман зарурати муроҷиати ғоибона ба миён меояд. Ин гурӯҳи мухотабҳо ба воситаи мактубҳои расмию шахсӣ, радио, газета, телевизор, журнал, муроҷиатномаҳо, шиору даъватҳо, таклифномаҳо, ҳаҷвияҳо ва монанди ин ифода меёбанд:
«Падарҷон, кай меоӣ?! (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Азизам,
номаатро мисли гул бигрифта бӯ кардам (А. Шукӯҳӣ). Ҷавонони азиз! Тарзи советии ҳаёт ро пойдор гардонем! («Маданияти
Тоҷикистон»). Дӯстони азиз! Программаи озуқавории мамлакат
ҳар яки моро ба комёбиҳои нав ба нави меҳнатӣ ҳидоят менамояд («Комсомоли Тоҷикистон»). Душанбегиҳои азиз! Шаҳри
худро азиз доред, шӯҳрати онро баланд бардоред! («Тоҷикистон»);
в) мухотабҳои шахсие, ки ба худи соҳиби нутқ нигаронида мешаванд. Чунин мухотабҳо бештар дар монологҳо, хусусан, нутқи риторикӣ кор фармуда мешаванд ва бештар ба табъу ҳолати рӯҳии гӯянда вобастаанд. Онҳо ҳамчун муроҷиат ба шахси II ифода ёбанд ҳам, аз матн ва ё мазмуни гуфтор равшан аст, ки ба худи гӯянда тааллуқ доранд:
Лоҳутӣ! Чу аз ҳама ҷо ранҷбартар аст,
Бояд ки зудтар бидиҳӣ ҷон барои Шарқ.
(А. Лоҳутӣ)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё