Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

МУХОТАБ

Калима ва иборае, ки предмети муроҷиатро ифода мекунад, мухотаб ном дорад. Мухотаб дар диалог, шиору даъватномаҳо, мактубҳои расмиву ғайрирасмӣ, қарордодҳо ва резолюсияҳо, фармону муроҷиатномаҳо, эълону рапортҳо, маърӯзаю музокираҳо бештар истифода мешавад:

Биёед, эй рафиқон, дарс хонем,
Ба бекорию нодонӣ намонем
(С. Айнӣ, Куллиёт)

Модар, дарро кушоед, ман омадам! (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Хайр, бачаҳоям, шумо гап зада шинетон, ҳолпурсӣ кунетон, ман як самовор монда, ба таги дег алав гиронам (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Партия, ҳаргиз нагардад ин дили ман аз ту дур.
(М. Турсунзода)

Мухотаб ба саволе ҷавоб намешавад, бо аъзоҳои ҷумла алоқаи грамматикӣ надорад, вале ба тамоми ҷумла бевосита ва ё ба воситаи яке аз аъзоҳои он робитаи мантиқӣ дорад. Дар сурати истиснои мухотаб ҷумла аз ҷиҳати мантиқ ва ифода осеб мебинад ва иҷрокунандаи амал номаълум мемонад.

Мухотабҳо шахсӣ ва ғайришахсӣ мешаванд. Мухотабҳое, ки ҳамчун муроҷиат фақат ба инсон гуфта мешаванд, гурӯҳи мухотабҳои шахсиро ташкил медиҳанд. Онҳо дар забон хеле фаровон буда, бештар дар диалог, сӯҳбатҳо, мактубҳо, муроҷиатномаҳо, даъватномаҳо, фармонҳо, маърӯзаҳо, маъракаҳо, эълонҳо, концертҳо ва амсоли ин истифода мешаванд. Мухотабҳои шахсӣ дар навбати худ ба хелҳои зерин ҷудо мешаванд:

а) мухотабҳои шахсии бевосита. Ба воситаи ин мухотабҳо бевосита ба худи шунаванда, шахси дуюм муроҷиат карда мешавад. Вақте ки мухотаб ба як шахс нигаронида мешавад, ном, фамилия, тахаллус, лақаб, вазифа, унвон, касбу кор, машғулият, рутба, баромади иҷтимоӣ, вазифаҳои ҷамъиятӣ, муносибатҳои хешутаборӣ, синну сол ва ғайра ҳамчун предмети муроҷиат зикр мегардад:

Ғулнор! Дар асл нест кардани босмачиён вазифаи ман, вазифаи ту ва вазифаи ҳамаи меҳнаткашон аст (С. Айнӣ, Куллиёт). Ғам нахӯр, бачем, боз ҳавои хуб мешавад, пахта нағз месабзад, нағз мепазад (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунчакӣ).

Депутат,
Беҳтарин фарзанди халқӣ, хуб медонӣ,
Ба халқи ин Ватан ҷонӣ, ба ӯ покиза виҷдонӣ.
(М. Турсунзода)

пешина
аз 312
навбатӣ