Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
аз соддагӣ, гоҳо аз одамшиносӣ ва гоҳе аз зудбоварӣ ё бетаҷрибагии худ фириб хӯрда ба балоҳо гирифтор шуданашро ҳикоя мекард (С. Улуғзода, Восеъ).
Дар ин забон сухани амну сулҳ,
яъне «Мир»
Намудааст умеди ҷаҳониён тасвир.
(М. Турсунзода)
- Воҳидҳои туфайлие, ки барои баёдоварии, диққатҷалбкунӣ, хайрхоҳӣ, ҳамфикрӣ барин мақсадҳо ифода меёбанд. Дар ин вазифа калима, таркибу ибораҳои дарвоқеъ, воқеан, гуфтагӣ барин, хуб, хайр, аҷаб не, аҷаб не ки, аслан, майлаш, дар ҳар сурат, ба ҳар ҳол, ҳеҷ қисса не, ҳеҷ боке не, ҳеҷ гап не ва ғайра меоянд:
Дарвоқеъ, Доҳунда, кори намоёне кардӣ (С. Айнӣ, Доҳунда). Гуфтагӣ барин, духтарча муборак (П. Толис, Ҳикояҳои даҳ сол). Хайр, хайр, оташин нашав, ука! (П. Толис, Ҳикояҳои даҳ сол). Майлаш, розӣ шуд Малик (П. Толис, Ҳикояҳои даҳ сол). Аммо аз набудани Оймулло фоида бурдан хуб не, ба ҳар ҳол, дигар илоҷ надорад (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Ҳеҷ гап не, модарҷон, андаке ярадор шудааст (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Воқеан, аз сӯҳбати мо ба худи шумо низ суде хоҳад расид (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунҷакӣ).
ҶОЙИ КАЛИМАЮ ИБОРАҲОИ ТУФАЙЛИ
Ҷои калимаю ибораҳои туфайли ба муносибати онҳо ба ҷумла ё ки аъзои ҷудогонаи он вобаста аст. Агар онҳо ба тамоми ҷумла муносибат дошта бошанд, асосан дар аввал ва охири ҷумла меоянд. Ба ин гурӯҳ калимаю ибораҳои туфайлие дохил мешаванд, ки сарчашмаи фикр, тааҷҷуб, азму боварӣ, таҳмину гумон ва ғайраро ифода мекунанд. Агар калимаю ибораҳои туфайлӣ ба аъзои ҷудогонаи ҷумла вобаста бошанд, пеш аз он ҷой мегиранд ва бештар дар мобайни аъзоҳои ҷумла меоянд: Хайр, майлаш, зарар надорад (С. Айнӣ, Ғуломон). Ба фикри ман, — гуфт ҳезумкаши дигар, — дар як ҷо нигоҳ карда истоданамон, албатта, моро ба ҳалокат мерасонад (С. Айнӣ, Ғуломон). Дар ҳақиқат, Бозор ба ин қадар ноумедӣ, ба ин қадар ҳасрат ва ба ин қадар бадбинӣ ҳақ дошт (С. Айнӣ, Доҳунда). Гумон кардам, ки шояд, Ҷамъияти театрии Москва ё маъмурияти Театри бадеии академиявии ба номи М. Горький ба муносибати бо муваффақият анҷом ёфтани гастроли Артисти халқии республика, лауреати Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Маҳмуд Воҳидов шабнишине ороста бошад (А. Турсунов, Чакидаҳои хотири ошуфта). — Ба таб месузад? — пурсид оқсаққол писарчаро ором гузошта, — аҷаб! (Ч. Икромӣ, Духтари оташ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё