Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
мемоманд, дурустараш, ин номи вай не, балки лақаби вай аст (А. Деҳотӣ, Куллиёт). Гирифтан гиред-чӣ? «Як мавизро сил кас хӯрдааст» гуфтаанд, аз дусар, мову шумо оқсаққол барин бой намешавем (С. Айнӣ, Ғуломон). Ин давраи бакамолрасии ӯ буд ва, ба ин маънӣ, ҳаёти оилавӣ барои вай ҳамчун университети зиндагӣ хизмат кард (Ӯ. Кӯҳзод, Кини Хумор). Аз маҳсули кори ӯ ҳама хурсанд, умуман, тамоми аъзоёни бригада барои беҳбудӣ ва сифати кор мубориза мебаранд («Тоҷикистони советӣ»).
-
Воҳидҳои туфайлие, ки робитаи фикр, ҷамъбаст, натиҷа ва хулосаҳоро мефаҳмонанд. Ба ин вазифа калима, ибораҳои хулоса, ҳамин тавр, ба ҳамин тариқ, ниҳоят, оқибат, инак, қисса кӯтоҳ ва ғайра меоянд: Мо бисёр кӯчаю пасткӯчаҳоро бурида гузашта, оқибат, ба ҳавлии ӯ расидем (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Хулласи калом, омада натавонист (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Бист хоҷагӣ омад, як колхоз шуд, сита омад, як колхоз шуд, мана ҳамин тариқа, колхозҳои майда-майда дар шафати якдигарашон пайдо шудан гирифтанд (С. Улуғзода, Навобод). Ниҳоят, маълум шуд, ки дар меҳмонхона фақат барои чаҳор кас ҷой будааст (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).
Қисса кӯтоҳ, он рӯз аз қозихона намедонам кӣ омаду аз мо фурӯхта шуданамонро тасдиқ кунонда гирифт (Ч. Икромӣ, Духтари оташ). Инак, санъаткор дар сурати эҷодкор падидаи нодиру ноёб аст (Акбар Турсунов, Чакидаҳои хотири ошуфта). -
Воҳидҳои туфайлие, ки тартиби фикрро мефаҳмонанд. Ба ин вазифа калимаву ибораҳои якум, ...дуюм, аввал..., баъд, аз як тараф ... аз тарафи дигар ва ғайра истифода мешаванд:
Аввало ин ки, ба партия барои амалӣгӣ намедароянд, дуюм ин ки, барои он касе, ки чӣ ботинан ва чӣ зоҳиран тақдири худ, ҳаёт ва фаъолияти худро бо партия маҳкам вобаста кардааст, дари партия ҳамеша кушодааст (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ҷамъоварии мошинии пахта, аз як тараф, маҳсулнокии меҳнатро баланд бардорад, аз тарафи дигар, суръати ғунучини пахтаро хеле метезонад («Тоҷикистони советӣ»). Аввалан, маънии ҷумлаи боло носаҳеҳ аст, сониян, ҳар як забон сохти ҷумласозии худ дорад («Газетаи муаллимон»).
- Воҳидҳои туфайлие, ки барои таъкиди фикр, ифодаи истисно, шарҳу эзоҳ, ҷудо кардани фактҳои даркорӣ ва муҳим, муқоисаи онҳо ва пурқувват кардани фикр, мухолифат истифода мешаванд. Ба ин вазифа калима ва ибораҳои хусусан, махсусан, алалхусус, асосан, масалан, баръакс, чунончи, яъне, ба ибораи дигар ва ғайра меоянд: Масалан, дар бӯлуси шумо одамони беобу замин, одамони бесарупо магар нестанд?
(С. Айнӣ, Ғуломон). Ҳамаи шумо, хусусан, ҷавонон аз уҳдаи ин кор ба хубӣ мебароед («Садои Шарқ»). Онҳо дар нақли Восеъ худписандие ҳис намекарданд, балки, баръакс, вай ғоҳу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё