Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Дасти нозук, латиф, соф, булӯр
Дур шуд, дур шуд зи ман, ҳайҳот!
(С. Пайрав)
в) тааҷҷуб, ҳайрат, хоҳиш, илтиҷо, талаб, азму ният, мақсад. Ба ин вазифа калимаю ибораҳои воаҷабо, аҷиб, наход, наход ин ки, аҷабо, аҷоибот, илтимос, зинҳор, охир, лоақал, ҳеҷ набошад ва ғайра меоянд:
Аҷаб ки имшаб Ашӯр ҳам тамоман мижа таҳ намекард (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Аҷиб, ба назари дигарон ӯ чӣ гуна менамуда бошад? (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Худатонро, зинҳор, эҳтиёт кунед, ки шамол нахӯред, азизам (Ф. Муҳаммадиев, Сози мунаввар). Гап зан, ҳеҷ набошад, ба ман дилата холӣ кун (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ);
г) садоқат, ҳурмат, сипогузорӣ, миннатпазирӣ, вафодорӣ. Ба ин вазифа калимаю ибораҳои зерин меоянд: офарин, боракалло, раҳмат, муташаккирам, болои чашм, нури дида, болои дида, ба чашм, бо ҷону дил, тоҷи сар, ҷонам садқа, садқаи сар ва ғайра меоянд:
— Алимардон: Болои чашм! Ҳар коратон бошад, бо ҷону дил, мувофиқи дилхоҳатон мекунам (С. Айнӣ, Куллиёт). Боракалло, шер, ба мо зӯр ёрмандӣ кардӣ (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунчакӣ). Офарин! Ман, ошно, хурсанд: мисли пештара ба гап даромардӣ (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунчакӣ).— Духтур, ташаккур, ба фазилати мо ин қадар эҳтимод доштаед,— гуфт Носир Аббос (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунчакӣ);
- Воҳидҳои туфайлие, ки сарчашма ва ба кӣ тааллуқ доштани фикрро мефаҳмонанд. Ба ин вазифа таркибу ибораҳои ба шунидам, мувофиқи гуфти шумо, ба фаҳмиши ман, ба гумонам, ба қавле, ба фикрам, ба назарам, ба ақидаи ӯ ва ғайра кор фармуда мешаванд:
Назар ба истилоҳи олуфтаҳои Бухоро, шаҳрро додан таслим шудан буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Аз рӯи қавли пайгирон, инҳо то деҳаи шумо омадаанд ва аз он ҷо нақши пои онҳо барҳам хӯрдааст (С. Айнӣ, Ғуломон).
— Ба фикри ман, ба духтурамон ёрӣ расонидан зарур! — ба гап ҳамроҳ шуд Иван-амак (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунчакӣ).— Ҳа, модом ки ба гуфти шумоён, қаҳрамони асосии филм мешуда бошад, нақши худро бояд «ба дараҷаи баланди бадеӣ» адо кунам (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Мӯи сар ва ришу мӯйлаби ӯ, ба қавли худаш, саду панҷоҳ процент сафед шудаанд (П. Толис, Ҷавонӣ).
- Воҳидҳои туфайлие, ки услуби баён, тартибу мароми гуфторро ифода мекунанд. Ба ин вазифа калимаю ибораҳои аздусар, ба ибораи дигар, ба тарзи дигар, кӯтоҳи гап, мухтасар, умуман, аниқтараш, дурустараш ва ғайра меоянд: Ба ҳамин тариқ, маҳаллаи моро Санъатобод

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё