Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Зотан, шашмақом хеле ҳузнангез буда, ҳақиқатан тарҷумони аҳволи онрӯзаи меҳнаткашон ва аз ин ҷумла деҳқонон буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Шумо, аслаш, худатон одами хушриҷақ ҳастед, бинобар он ба сари ош расида омадед (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Табиист ки, ин тавшишу тараддуди ҳамаи деҳқононро дучанд мекунад («Тоҷикистони советӣ»).
в) шубҳа, гумон, нобоварӣ. Ба ин вазифа калима, таркибу ибораҳои эҳтимол, шояд, мумкин, аз афти кор, аз афташ, гумон, тахмин, муқаррар, ба гумонам, яқин, аҷаб не ва ғайра меоянд: Шояд, бо гуле, ки ман хоҳам овард, дарди дили ӯ бартараф шавад (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). — Рафиқ Амонов, — гуфт, — шумо, эҳтимол, ба рафиқон таъин карда бошед даркор, пагоҳ дар соати 7 маҷлиси бюроро даъват мекунем-а? (Ҷ. Икромӣ, Тирмор). Рафиқ Давлатов, аз афташ, намехоҳанд, ки мо бо баъзе саҳифаҳои ҳаёти ин кас дурусттар ошно шавем (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ба тахминам, ҳозир мо бояд дар осмони Юнон бошем (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).
Мавҷи табрику сулҳ пайванданд,
Роҳи хунрез — ҷангро банданд,
Аҷаб не ки, баҳрҳо хушканд,
Ин ду аммо бузургтар гарданд.
(М. Турсунзода)
- Калима ва ибораҳои туфайли, ки муносибатҳои эмоционаливу экспрессивӣ ва ҳиссиёту ҳаяҷонро ифода мекунанд:
а) шодӣ, хурсандӣ, хушхолӣ, масрурӣ, ҳаяҷон. Ба ин вазифа калимаю ибораҳои зерин меоянд: хушбахтона, ба хушбахтӣ, хайрият, хайрият ки, ба бахти мо ва ғайра: Хайрият ки, дарс сар шуд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Ба хушбахтӣ, ин колхоз аз колхозҳои дигар тафовут дошт (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Хушбахтона, садои тӯпҳои «Аврора»-и революционӣ аз кӯҳҳои Тоҷикистон низ баланд шуд (А. Шукӯҳӣ, Нияти нағз). Шукр, ҳарчи аз латтаи баста нишонае нест (С. Айнӣ, Ғуломон);
б) афсӯс, маломат, андӯҳ, кулфат, ғам ва ғайра. Ба ин вазифа бештар калимаю ибораҳои афсӯс, сад афсӯс, афсӯс ки, мутаассифона, хайф, сад хайф, хайфо ки, дареғ, ҳайҳот ва ғайра меоянд:
Афсӯс, сад афсӯс, ки вай дар ин раҳи озодӣ дуртар нарафт, қурбон шуд! (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун). Ҳайфо ки, тир кам мондаасту босмачиён бисёр (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Лекин, мутаассифона, Зариф гоҳе насиҳати падарро фаромӯш мекард (А. Шукӯҳӣ, Парини ҷазира).
Пайрав, ки яке шоири шӯроии мо буд,
Сад ҳайф ки, дар айни ҷавонӣ зи миён рафт
(С. Айнӣ)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё