Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

КАЛИМАЮ ИБОРАҲОИ ТУФАЙЛИ

Калимаю ибораҳои туфайли барои ифодаи модалияти субъектӣ хизмат мекунанд, яъне нисбат ба фикри ифодашуда, ба тарзи баён ва тартиби мароми он чӣ гуна муносибат доштани гӯяндаро нишон медиҳанд, онҳо ба ҷумла тобишҳои гуногуни маъноӣ ва ҷилоҳои рангини эмоционалӣ мебахшанд, сарчашма, дараҷаи эътимоднокӣ, услуби гуфтор ва қисмати таъсирбахшии онро равшан мегардонанд.

Ба вазифаи воҳидҳои туфайли исм, сифат, шумора, феъл, зарф, калимаҳои модалӣ, ҳиссачаҳо ва таркибу ибораҳои гуногун меоянд. Онҳо ба ягон савол ҷавоб намешаванд, аъзои ҷумла ҳам шуда наметавонанд:

Назар ба қавли ӯ, ҳавлии Дониш боғчанок буда, дар он ҷо дарахтони навчанги тут ҳам буданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Хайрият ки офтоби хуррами баҳор лутфу эҳсони худро аз сари мардум кам намекунад (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун). Одатан, падарам афсонаҳои аҷоиборо нақл мекард («Маориф ва маданият»). Аввал он ки, дар бозор гов нест, дуюм он ки, қоҳи доштагиамонро ба ин пиргов ва хар хӯрондан лозим аст (С. Айнӣ, Ғуломон).

Воҳидҳои туфайли ҳамчун воситаи асосии ифодакунандаи муносибатҳои объективона ва субъективонаи гӯянда нисбат ба фикр, муносибати ӯ нисбат ба мусоҳиби худ ва объекти сухан ва ҳамчун воситаи ифодаи таассуроту баҳои эмоционалӣ вазифаҳои гуногунро адо мекунанд ва ба гурӯҳҳои зиёди лексикиву семантикӣ ҷудо мешаванд.

  1. Нисбат ба фикри ифодашуда муносибатҳои гуногуни субъективонаи гӯяндаро ифода мекунанд:

а) азму ирода ва боварӣ. Ба ин вазифа калима ва таркибу ибораҳои албатта, бешубҳа, бешак, дар ҳақиқат, ҳақиқатан ҳам, ҳаққонӣ, ҳақиқатан, одатан, рост, ростӣ, ба ростӣ, рости гап, таги гап, дар асл ва ғайра истифода мешаванд:

Албатта, соли оянда боз ҳам зиёдтар китоб чоп хоҳад шуд (С. Айнӣ, Дохунда). Ҳақиқатан ҳам, онҳо хушовоз ва хушхон буданд (С. Айнӣ, Куллиёт):

Юнусбой, бешубҳа, одами дилсоф аст, кор кардан мехоҳад (С. Улуғзода, Навобод).

Намуда ту ба дарди беқарорам дорую дармон,
— Сиҳат мегардӣ, бешак,— гуфта медодӣ тасаллоям.

(Б. Хоҷӣ, Насими баҳорон)

б) мутобиқат ва замина. Ба ин вазифа калимаю ибораҳои одатан, аз рӯи одат, расман, аслан, аслаш, табиист (ки), табиатан, зотан, ба ҳар ҳол, ба ҳар бобат ва ғайра истифода мешаванд:

пешина
аз 312
навбатӣ