Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. Муносибати атрибутивӣ. Дар муносибати атрибутивӣ воҳидҳои эзоҳи исми таркибӣ ҷумларо шарҳ медиҳанд, ки ба гурӯҳҳои гуногуни лексикиву семантикӣ мансубанд:

а) калимаҳои кӯҳна ва таърихӣ: Аз амир ба номи қозиц мазкур муборакнома (фармон) омадааст (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар шаҳр вай хешу таборе надошт: дар оилаи падару модараш фарзанди ягона буда, аз онҳо хурдсол монда, дар сағирхона (хонаи бачагон) калон шуда буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Хӯҷаин... дари анборро боз карда баромад, загомаи (паллаи) дар он ҷо бударо ба шоҳини тарозу гузаронд (С. Айнӣ, Куллиёт);

б) калимаю ибораҳои соҳаи касбу хунар: Падарам, бе он ки чашмашро аз теғ (шона) ва моку барканда аз кор бозистад, ба ман гуфт (С. Айнӣ, Куллиёт). Самарқанд, калонтарин шаҳр ва пойтахти Суғд, бо ду қатор бора (девор)-и баланду ғафс иҳота шуда буд (С. Улуғзода, Ривояти суғдӣ);

в) калимаю ибораҳои шевагӣ: диалектизмҳои лексикӣ, фонетикӣ ва ғайра: Гӯшт небошад, боқалачон (помидор) ҳам шудан мегирад (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар тарафи шарқи ин айвонча як шипанги баланди дароз буд, ки сутунҷояш ҳамраҳ тарошидагӣ буда, зерсутунҷояш шакли зомучагӣ (ҳандалакӣ) доштанд (С. Айнӣ, Куллиёт);

г) истилоҳоти илмиву техникӣ: Омӯзиши метеорҳо (ситораҳои паррон) аз нуқтаи назари илмӣ хеле аҷоиб аст («Маориф ва маданият»). Амир дар миёнаи қувваи асосии лашкаркаш ва талоя (дастаи пешгард) гоҳ зинсавору гаҳе ба тахти равон нишаста меомад (С. Улуғзода, Ривояти суғдӣ);

д) калимаҳои ифодакунандаи рамзу киноя, синекдоха, эвфемизм, табу, вулгаризм, варваризм ва ғайра: Ба хушбахтии ту бахшидаат (духтар) баднамо нест, бинобар ин ба ӯ толиб бисёр аст (С. Айнӣ, Куллиёт). Онҳо инро низ медонистанд, ки бо қабул ёфтани он мазҳаб панҷяки дастранҷ (музди меҳнат)-и қабулкунандагони он ба кисаи онҳо медарояд (С. Айнӣ, Куллиёт) ... маълум аст, ки инҳоро (гӯсфандҳоро) гургони дупо (дуздон) рабудаанд (С. Айнӣ, Дохунда).

  1. Муносибати объекти. Калимаю ибораҳои эзоҳӣ объектеро, ки дар ҷумлаи асосӣ зикр ёфтааст, таъин ва пурра мекунанд, ё ин ки худ ба сифати объекти иловагии ҷумла хизмат менамоянд:

Дар забони классикӣ ва гуфтугӯи халқ аксари ин гуна калимаҳои мураккаб аз исми тоҷикӣ (на аз исми арабӣ) сохта шудаанд (М. Шукуров. Ҳар сухан...). Баъдтар ин тозакориҳо аз дохили нақшаи маълуми вазн (на аз системаи вазни аруз) берун баромад («Садои Шарқ»). Одатан, аз мантиқи ҷумла ва аз рафти фикр (яъне аз ҷумлаҳои боло) маълум шуда меистад, ки «таъсис» дар ин ҷо ба маънои «таъсис додан» аст ё ба маънои «таъсис ёфтан» (М. Шукуров, Ҳар сухан...). Мо чоркаса (ҳамроҳи язна, шавҳари Малика) барои гӯр кардани сутунҳо

201

пешина
аз 312
навбатӣ