Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
ҷо оварда шудааст. Дар мисоли дуюм ибораи аз хоки Афғонистон ибораи истисноии макон буда, барои шарҳу эзоҳи ҳоли макони ҷумла — таркиби аз Ҳирот оварда шудааст. Дар мисоли сеюм бошад, калимаи истисноии ифодакунандаи ҳоли макон — Кӯрғон барои шарҳу эзоҳи ибораи ҳоли макони ҷумла — аз деҳаи зоидашудаи модарам оварда шудааст.
ВОҲИДҲОИ ЭЗОҲӢ
Дар нутқ калима ва таркибу ибораҳое ҳастанд, ки вазифаи онҳо шарҳу эзоҳ додан, пурра намудан ва аниқу равшан гардонидани мазмуни умумии ҷумла ва ё аъзоёни он, додани маълумоти иловагӣ мебошад. Онҳо дар таркиби ҷумла меоянд ва аз аъзоҳои он бо қавс, вергул ва тире ҷудо карда мешаванд.
Оҳанги гуфтори унсурҳои эзоҳии нутқ низ аз оҳанги аъзоёни ҷумла фарқ мекунад. Калимаю ибораҳои эзоҳӣ ба савол ҷавоб намешаванд, аъзои ҷумла ҳам шуда наметавонанд.
Вазифаи асосии воҳидҳои эзоҳӣ дар нутқ тафсили хати семантикии ҷумла ва ё аъзоҳои он мебошад. Воҳидҳои эзоҳӣ аз ҷиҳати вазифа ва муносибаташон ба ҷумла ва аъзоҳои он як хел нестанд.
- Калимаю ибораҳои эзоҳӣ, ки бо аъзои эзоҳшавандаи ҷумла аз ҷиҳати маъно баробар мебошанд ва як навъ муродиф ба шумор мераванд: Аз дарахти сада (гуҷум) як бандча шоҳ зада гир! (С. Айнӣ, Дохунда). Бобоҷонов барои ин корнамоии наваш бо ордени Байрақи сурх ва тақдирномаи (грамотаи фахрии) КМ ВЛКСМ сарфароз карда шуд (С. Улуғзода, Мунтахабот). Он рӯзҳо анҷумани Ҷамъияти умумииттифоқии матлубот (Центросоюз) мегузашт (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Дар ҳар чанд километр садде (шлагбаум) аз пеш мебарояд (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).
- Воҳидҳои эзоҳӣ, ки характери шарҳдиҳӣ, тафсилдиҳӣ ва муайянкунӣ доранд:
Мероси адабие, ки ба мо аз Восифӣ бозмондааст, «Бадоеъ ул-вақоез» (воқеаҳои нафиси бадеъ) ном китоби ӯст (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳатто калимаҳои худбаҳоӣ (ба маънои такаббур), худрухсатӣ (ба маънои берухсат рафтан), худҳисобӣ (ба маънои ба фоидаи худ кор кардан) мавҷуд будааст (М. Шукуров, Ҳар сухан...). - Воҳидҳои эзоҳӣ, ки маълумоти иловагӣ медиҳанд:
Дар Соктаре деҳқонон умуман календи Устодӯстбой (аз Ғиждувон) кор мефармуданд, ки ҳар кадомаш 4 килограмм вазн дошт (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар муваффақиятҳои коллектив, пеш аз ҳама, ҳиссаи правленияи колхоз (раисаш Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ, депутати Совети Олии республика Мирали Маҳмадалиев) хеле калон аст («Тоҷикистони Советӣ»).
Калимаю ибораҳои эзоҳӣ бо воситаҳои бисёри лексикиву грамматикӣ ифода мешаванд ва муносибатҳои гуногуни атрибутивӣ, объективӣ ва ҳолиро ифода мекунанд.
200

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё