Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Баёнияи истисноӣ барои шарҳу эзоҳи ягон аъзои ҷумла (мубтадо, пуркунанда, ҳол ва ғ.) меояд.

Ба шарҳу эзоҳи мубтадо: Вай — Шодӣ пеш аз ҳама бояд ба қонеъ кунонидани деҳқон кӯшиш кунад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Кампир — Одинамоҳ имшаб дар куҷо будани худро надонист (Ҳ. Карим, Ҳикояҳо). Ошноям — Ҷӯра Холдоров гапҳояшро тамом накарда қариб гирӯя карда фиристод (Ҳ. Карим, Ҳикояҳо).

Дар мисоли якум калимаи вай мубтадои ҷумла буда, калимаи Шодӣ барои шарҳу эзоҳи ҳамин мубтадо (вай) оварда шудааст, ки аъзои иловагии ҷумла ба шумор меравад.

Агар калимаи вай (мубтадо) аз ҷумла партофта шавад, калимаи Шодӣ ба вазифаи мубтадои ҷумла омада метавонад. Дар мисоли дуюм калимаи кампир мубтадои ҷумла ва калимаи Одинамоҳ барои шарҳу эзоҳи мубтадо (кампир), дар мисоли сеюм бошад, калимаи ошноям мубтадо ва калимаҳои Ҷӯра Холдоров барои шарҳу эзоҳи калимаи ошноям (мубтадо) оварда шудааст, ки калимаҳои номбаршуда аъзоҳои истисноӣ ба шумор мераванд.

Ба шарҳу эзоҳи пуркунанда: Ман рафта бачаҳоро — олуфтаҳоро барои мурдабардорӣ ғундошта меорам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Асбоби тӯйро тайёр намуда, дар вақти зиндагии ӯ амонаташро, яъне Гулбибиро, аз дасти ӯ бигирад (С. Айнӣ, Одина).
Ӯ ба устоди худ — Абдураҳмони Ҷомӣ муроҷиат карда аз вай илтимос намуд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Дар мисоли якум пуркунандаи истисноии олуфтаҳоро барои шарҳу эзоҳи пуркунандаи ҷумла — бачаҳоро, дар мисоли дуюм пуркунандаи истисноӣ Гулбибӣ барои шарҳу эзоҳи пуркунандаи ҷумла амонаташро, дар мисоли сеюм пуркунандаи истисноӣ Абдураҳмони Ҷомӣ барои шарҳу эзоҳи пуркунандаи ба устоди худ оварда шудааст.

Ба шарҳу эзоҳи ҳол. а) Ҳоли замон: Дар соли саввуми ҷанг — соли 1916 меҳнаткашон ва фақирон чунон хонавайрон шуданд, ки барои «қӯти лоямут»-ашон нони хушк намеёфтанд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). То солҳои 1863 то ҷанги байни амири Бухоро ва подшоҳи Россия ва сулҳи байни ин ду мамлакат амлокдорони Ғиждувон ва аз он ҷумла амлокдорони деҳаи мо ҳам монанди амлокдорони районҳои дигари Бухоро ба подшоҳӣ ва ҳосили кишт даҳ чор, яъне 60 фоиз андоз медоданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Рӯзи панҷшанбе — дуюми сентябрь аз долони дарвозаи арк садои пои раванда ва ояндае шунида намешуд (С. Айнӣ, Куллиёт). б) Ҳоли макон: Хаёли вай танҳо ба як ҷо — ба Дараи Ниҳон, ба Гулнор банд буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Як қисми ғулом ва канизакон аз Ҳирот — аз хоки Афғонистон тохта шуда буданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Як вақт аз деҳаи зоидашудаи модарам — Қӯрғон як зани ҷавон барои дидани амаки пираш ба деҳаи мо омад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Дар мисоли якум ибораи истисноии ҳоли макони ба Дараи
ниҳон барои шарҳу эзоҳи ибораи ҳоли макони ҷумла — ба як

пешина
аз 312
навбатӣ