Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Моҳи тобон дар зери дарахтони қади роҳ ва рӯи деворҳои баланди чорбоғ аз нури худ пора-пора нақшҳои заррин андохтааст (С. Улуғзода, Қисмати шоир). Рӯзи равшани офтобӣ. Аробае ба таги дарвозаи ҳавлии Абӯалӣ меояд (С. Улуғзода, Ибни Сино). Бегоҳӣ. Ҷурҷонӣ дар хонаи Абӯалӣ дастнависи устоди худро покнавис карда нишастааст (С. Улуғзода, Ибни Сино). Субҳ. Офтоб бо ғурур ҷилва мекард. Абрҳои тира ба ҳар тараф даву тоз мекарданд (Ҳ. Карим, Ҳикояҳо).
III. Маҳалро ифода мекунанд: Як боғ. Атрофаш бо девори бастаке иҳота шудааст (С. Айний, Куллиёт). Саҳни мадраса. Дар миёнҷаш гулзор ва чанд бех дарахти себ (С. Улуғзода, Қисмати шоир). Лашкаргоҳи соҳили наҳр. Рӯдакӣ ва Балъамӣ лаб-лаби наҳр гардиш мекунанд (С. Улуғзода, Қисмати шоир). Айвони ҳавлии Абӯрайҳони Берунӣ. Худи ӯ дар бистари беморӣ ба болишҳои баланд такя карда хобидааст (С. Улуғзода, Ибни Сино). Лаби дарё. Дар ҳараме, ки аз тоза бино ёфтааст, Зуҳра ба танҳоӣ нишаста дар оташи фироқ месӯзад (М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб). Лаби дарё. Касри шоҳи Хоразм. Духтарони шоҳ Мунира, Назира ва Маҳин дар лаби дарё нишаста, мӯйшонакунон месароянд (М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб). Деҳаи Соктаре. Ин деҳа аз тобеоти ноҳияи Ғиждувон буда, як фарсах — 8 километр дуртар аз маркази район ва дар тарафи шарқии он дар канори дарёи Зарафшон воқеъ аст (С. Айний, Ёддоштҳо).
IV. Барои тасвири табиат кор фармуда мешавад: Саҳрои васеъ, биёбони хушк. Дар ин биёбони бепоён ғайр аз чоҳҳои чуқур, манбаи обе нест (С. Айний, Ғуломон). Саҳрои васеи Дон. Офтоби саратон заминро оташвор метафсонд (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
ҶУМЛАҲОИ ТАСДИҚӢ ВА ИНКОРӢ
Дар байни ҷумлаҳои содда ҷумлаҳое низ ҳастанд, ки ба воситаи як калима ва ё иборае, ки ба аъзоҳои алоҳидаи ҷумла ҷудо намешавад, ифода меёбанд. Маънои асосии ин хел ҷумлаҳо аз тасдиқ ва ё инкор кардани гуфтаҳои дар матни боло баёншуда иборат буда, онҳо ба воситаи ҳиссачаҳои тасдиқии ҳа, бале, оре, ҳиссачаи инкории не||на, калимаҳои модалии дуруст, албатта ва монандӣ инҳо ифода меёбанд.
Ҷумлаҳои тасдиқӣ ва инкорӣ бештар дар нутқи диалогӣ ба кор бурда мешаванд:
— Ту кистӣ, раис ҳастӣ? — пурсид шофёри калон.
— Не (С. Улуғзода, Навобод).
— Дар ин бора дар назди шумоён қасам ҳам хӯрдааст.
— Не, не, дурӯғ (С. Улуғзода, Навобод).
— Дар ин ҷо, дар лаби рӯд чӯйи осиё ҳаст. Дар вақти тамошо додани осиё ман ба ту нишон дода будам-а?
— Ҳа-ҳа! (С. Айний, Ёддоштҳо).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё