Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
ҶУМЛАИ УНВОНИ
Ҷумлаи соддаи яктаркиба, ки дар он предмет ва ё воқеа номбар шуда, вале дар бораи он чизе гуфта намешавад, ҷумлаи унвонӣ ном дорад. Дар ҷумлаи унвонӣ баъзан мубтадо бо муайянкунанда меояд. Ҷумлаҳои унвонӣ берун аз матн кор фармуда намешаванд: Саҳаргоҳон, ситораҳо зардча метобанд (Қ. Наимӣ, Рӯзи равшан). Пушти боғ, даҳони тангкӯча. Он ду мард ҳанӯз ба рӯшноии дури тирезаҳо нигоҳ мекарданд (С. Улуғзода, Қисмати шоир). Балҷувон. Қалъаи ҳоким. Овозаи шӯриши ҳокимро ба ташвишу таҳлука андохтааст (М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб).
Ҷумлаҳои унвонӣ дар сохти синтаксисии забони адабии ҳозираи тоҷик ҳодисаи нисбатан нав буда, онҳо дар забони имрӯза дар асарҳои бадеӣ, махсусан дар пьесаҳо, бештар истифода бурда мешаванд. Агар дар ҷумлаҳои унвонӣ ғайр аз муайянкунанда ягон аъзои пайрави дигар (ҳол ва ё пуркунанда) оварда шавад, онҳо ба ҷумлаҳои соддаи дутаркиба мубаддал мешаванд, зеро ҳол ва пуркунанда чун аъзоҳои пайрав тобеи хабар мебошанд.
Исмҳо, калимаҳои исмгардида ва ибораҳо ба вазифаи ҷумлаҳои унвонӣ меоянд.
Ҷумлаҳои унвонӣ содда ва тафсилӣ мешаванд. Ҷумлаи унвонии содда аз як калимаи мустақилмаъно ташкил мегардад: Пагоҳон. Офтоб аз уфуқ навакак сар баровардааст (С. Улуғзода, Қисмати шоир).
Ҷумлаҳои унвонии тафсилӣ дар шакли ибора меоянд, аз исмҳо ва муайянкунанда иборат мешаванд: Аввалҳои субҳи рӯзҳои тирамоҳ. Ҳанӯз рӯз сафед нашуда буд, ҳанӯз дар осмони кабуди шаффоф ситорагон ягон-ягон менамуданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Доманаи кӯҳ. Ба муносибати фатҳ карда шудани қалъаи Балҷувон шӯришчиён ид мекунанд (М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб).
Ҷумлаҳои унвонӣ дар баёни маъноҳои гуногун истифода мешаванд:
I. Ҳолатро ифода мекунанд: Хомӯшӣ. Берунӣ дастнависашро аз зери болин мебарорад (С. Улуғзода, Ибни Сино). Лой. Шалап-шлапи садои пой шунида мешуд. (Ҳ. Карим, Ҳикояҳо). Оромӣ. Баъд ҳама ба ҳавлии Бибиҳанифа гузаштанд (Қ. Наимӣ, Рӯзи равшан). Ман аз дигар сардорони бригадаҳо чӣ камӣ дорам? Плани пахта бошад, барзиёд иҷро шуд. Ҳоло зимистон. Боронгарӣ («Тоҷикистони советӣ»).
II. Замонро ифода мекунанд: Зимистони сарди соли ҳабдаҳум. Вай ба наздикӣ бо ҳазорон азобу машаққат ба болои вагонҳо савор шуда, қариб як моҳ роҳ гашта, аз мардикорӣ омада буд (Ҳ. Карим, Ҳикояҳо). Рӯзҳои тафсони охири август. Саҳро аз миллионҳо кӯраки ҳар рӯз кушодашаванда торафт сафедтар шуд (С. Улуғзода, Навобод). Шаб. Чӯи Мӯлиён.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё