Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ҷумлаҳои номуайяншахсу умумишахс аз ҷиҳати шакл ба ҳам наздик бошанд ҳам, аз ҷиҳати вазифаю мазмун фарқ доранд.
Дар ҷумлаҳои номуайяншахс ба вазифаи хабар фақат шакли ҷамъи феъли шахси III меояд, дар хабари ҷумлаи умумишахс бошад, феълҳои шахси дуюми танҳо, шахси сеюми танҳои замони ҳозира ва оянда омада метавонанд.
Боз яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи ҷумлаи умумишахс аз он иборат аст, ки фикр дар он ба таври қиёс ифода меёбад ва ин ҳодиса дар забони адабии ҳозираи тоҷик хеле характернок мебошад. Ҷумлаҳои умумишахс аксар дар ҳикматҳои халқӣ, дар хулосаҳои пандомези шоиру нависандагон дида мешаванд:
Сухан бисёр дону андаке гӯй,
Якеро сад магӯ, садро яке гӯй.
(Фольклор)
Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
(Рӯдакӣ)
ҶУМЛАИ БЕШАХС
Ҷумлаҳое, ки дар онҳо мубтадо нест ва онро аз мазмуни ҷумла ҳам фаҳмида намешавад, ҷумлаҳои соддаи бешахс ном доранд. Дар ҷумлаи соддаи бешахс хабар одатан дар шакли таркибӣ меояд. Феъли асосии ин гуна ҷумлаҳо бо асоси замони гузашта (шахси сеюми танҳо), феъли ёридиҳанда дар шакли «бояд», «боист» меояд: Ба он ҷо бояд рафт. Ӯро бояд фармуд.
Дар ҷумлаҳои бешахс ҷои ёридиҳандаи «бояд» қатъӣ ва устувор нест: вай гоҳо пеш аз феъли асосӣ ва гоҳо аз феъли асосӣ ҷудо шуда меояд, ки ин ба тарзи ифода вобаста буда, дар ҳар ду ҳолат ҳам маънои ҷумла як хел мемонад. Чунончи: Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард (Зарбулмасал). Бояд ба хона рафт (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Феъли ёридиҳандаи шудан якҷоя бо феъли асосӣ ба вазифаи хабари ҷумлаи бешахс меояд: Ба он ҷо бо самолёт рафта мешавад. Дар он ҷо ҳеҷ чизро дида нашуд. Ба хона даромада намешавад.
Хабари ҷумлаҳои бешахс баъзан аз масдару калимаҳои модалии зарур, лозим, даркор, мумкин ва ғайра ифода меёбад. Мисол: — Ба афсӯс хабар додан лозим (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ин аҳволро ислоҳ кардан лозим (С. Айнӣ, Куллиёт). Бинобар ин дар иҷрои ин кор бисёр эҳтиёт кардан лозим (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ӯро тарбия кардан мумкин. Имтиҳонҳоро дар вақташ супурдан даркор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё