Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

рег то даҳани Саидато ва қӯргони Вардонзеҳ расидааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Мегӯянд, ки дар ҳунари чӯбтарошӣ ва кандакорӣ дар Бухоро ҳам монандаш кам ёфт мешуд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Чумлаҳои номуайяншахс дар макол ва зарбулмасалҳои халқӣ низ фаровон ба кор бурда мешаванд. Мисолҳо: Шутурро бо кафлез об намедиҳанд. Чӯҷаро дар тирамоҳ мешуморанд. Оҳанро дар гармиаш мекубанд. Мардумро ба гуфтор шиносанд. Ёриро бо ёрӣ меҷӯянд. Орзӯи дурро дар маҳтоб мешикананд.

ҶУМЛАИ УМУМИШАХС

Ҷумлаи яктаркибаи бемубтадое, ки бо хабари феълӣ ифода ёфта, иҷрокунандаи амал ба ҳамаи шахсҳо як хел муносибат дорад, ҷумлаи умумишахс номида мешавад. Дар ни гуна ҷумлаҳо ба вазифаи хабари ҷумла феъли замони ҳозира ва ояндаи сиғаи хабарӣ ва амрии шахси дуюми танҳо ва баъзан шахси якум ва ё сеюми танҳо меояд ва ин хабарҳои феълӣ ба ҳамаи шахсҳо (якум, дуюм ва сеюм) умумӣ ба шумор мераванд:

Мекунӣ пур доманат аз чормағз,
Аз бананҳову апельсинҳои нағз.

(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Чӣ ғам дорам, диёри хубтар аз бӯстон дорам,
Қавиазму зафарэҷод халқи қаҳрамон дорам.

(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Дар ин хел ҷумлаҳо аз ҳама бештар ба вазифаи хабар феъли сиғаи хабарии замони ҳозира ва ояндаи шахси дуюми танҳо меояд: Ба ҳаёти мустақилона қадам мемонӣ (Ф. Муҳаммадиев, Одамони кӯҳна).

Бихон он сон, ки ҳар ҷо булбуле ҳаст,
Ба шодӣ бишнавад овози Ҷамбул.

(А. Лоҳутӣ, Куллиёт)

Баъзан дар ҷумлаҳо хабари феъли шахси сеюми танҳо ҳам мазмунан ба ҳар се шахс як хел мансубият дорад: Бо гап ба чӯб либос пӯшонда, аз пашша фил месозад. Бо чормағзи пуч бағали касро пур мекунад. Аробаи холиро гирифта мегурезад. Аз сояи худ метарсад. Аз кундае параха мепарронад. Аз болои шутур алаф медаравад. Панҷ ангуштро якбора ба даҳон меандозад. Муштро ба торикӣ мезанад. (В. Асрорӣ, Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ).

пешина
аз 312
навбатӣ