Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Пас онро дур созед аз диёрам,
Ки номашро ба хотир ман наёрам.
Барои Зуҳра дар наздики дарё
Бинои тозае созед барпо.

Рав ба Хоразм пеш аз Тоҳир
Ба Маҳин ном духтари шаҳи он,
Гир ин номарову зуд расон.

Аспи тозону тундтар аз бод,
Гузар аз кӯҳу даштҳои зиёд,
Ба Маҳин, духтари шаҳи Хоразм
Номаамро чу бод зуд расон.

(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

  1. Ба воситаи феъли сиғаи хабарии шахсҳои якум ва дуюми танҳо ва ҷамъ: Зуд дарпардаро пӯшонда аз ҳуҷра поён фуромада ба рӯи саҳни берунии мадраса баромадам (С. Айнӣ, Куллиёт).
    — Хуб, меравем, аммо ба кадом тараф?
    — Таваккал карда ба тарафи Хиёбон равем-чӣ?
    — Бисёр хуб, равон шав! (С. Айнӣ, Куллиёт).
    — Аз дастат чӣ кор меояд? — гуфта пурсид.
    — Ҳар гуна меҳнати сиёҳ бошад, мекунам.
    — Саисӣ ё аспбонӣ карда метавонӣ?
    — Метавонам (С. Айнӣ, Куллиёт).
    ... ба як хасаш хиёнат накардам (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ба боғ меравам (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Равед, аз бозору уҷоратон намонед (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ҳам кор кунеду ҳам хонед (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Хурсанд шав гуфтему қабул кардем (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

ҶУМЛАИ НОМУАЙЯНШАХС

Ҷумлаи яктаркибаи бемубтадое, ки хабари он ба воситаи феъли шахси сеюми ҷамъ ифода меёбад, ҷумлаи яктаркибаи номуайяншахс номида мешавад. Хабари ҷумлаи номуайяншахс амали аз тарафи шахси номаълум иҷрошуда ва ё иҷрошавандаро ифода мекунад. Мисол: Пагоҳонӣ, сарои Пои Остонаро рӯфта, чида об заданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Дастархонҳоро паҳн карданд, дар пеши ҳокимон аз кулчаҳои ширмоли бистқадоқӣ ва аз нонҳои тафтони даҳқадоқӣ бо лаълҳои махсус пухтагӣ кашиданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Гӯсфандҳоро куштанд, деҳҳоро шинонданд, танӯрҳоро афрӯхтанд, шӯрбои серравғани лабчасп ва загораи гарми дастсӯзро тайёр карданд. Баррагони ширбозро кушта, пӯст канда бо каллаву почаҳошон дар як чуқурии чоҳмонанде, ки танӯрвораш тафсонда буданд, овехта бирёнд карданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Мегӯянд, ки ҳуҷуми

пешина
аз 312
навбатӣ