Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Вай дар рӯзҳои муҳосира дар даруни қалъа ба ҳар гуна корҳо машғул буд: тир мекашонд, ба бардошта омадани маҷрӯҳҳо ёрӣ медод, ҳезум мекафонд (Ҳ. Карим, Оқшуда).
Ҷои калимаҳои хулосакунанда дар ҷумлаи мураккаби тобеъ тафовут дорад. Баъзан аъзоҳои чидаи ҷумла дар таркиби сарҷумла ва калимаи хулосакунанда дар таркиби ҷумлаи пайрав воқеъ мегардад:
Зану мард, писару духтар ва хурду калон, ки ҳама якҷоя ба чинаки пахта баромада буданд, монандӣ гурӯҳи шапалақҳо, ки дар марғзорҳо паҳн шаванд, ёбони пахтазорро тамоман фурӯ гирифта буданд (С. Айнӣ, Ғуломон).
ҶУМЛАҲОИ СОДДАИ ЯКТАРКИБА
Ҷумлаҳои соддае, ки аз як сараъзо ва ё як сараъзою калимаҳои эзоҳдиҳанда иборат аст, ҷумлаҳои соддаи яктаркиба номида мешавад.
Ҷумлаҳои соддаи муайяншахс, номуайяншахс, умумишахс, бешахс, унвонӣ ва ҷумлаҳои яккалимагӣ ба ҳамин гурӯҳ дохил мешаванд. Ин ҷумлаҳо, махсусан, ҳамон вақт равшан намоён мешаванд, ки берун аз таркиби ҷумлаҳои мураккаб, ба таври мустақил кор фармуда шаванд.
ҶУМЛАИ МУАЙЯНШАХС
Ҷумлаи яктаркибаи немубтадое, ки амал ба воситаи хабарҳои феълии шахси якум ва дуюм ба вуҷуд омада, шахсони муайянро далолат мекунад, ҷумлаи яктаркибаи муайяншахс номида мешавад: Китоб хондам. Ба мактаб раветон.
Дар мисоли якум иҷрокунандаи кор — мубтадо ба воситаи бандаки феълӣ -ам ифода ёфтааст, ки ба шахси якуми танҳо далолат мекунад. Дар мисоли дуюм иҷрокунандаи кор, яъне шахси дуюми ҷамъ ба воситаи бандаки феълии -етон ифода ёфтааст.
Ҷумлаҳои яктаркибаи немубтадои муайяншахс дар забони адабии ҳозираи тоҷик бо ду роҳ ифода меёбанд:
- Ба воситаи феъли сиғаи амрияи шахси дуюми танҳо ва ҷамъ:
Ҳасан аз хат, кинояи хаткаш
Сурх шуд, дар гирифт мисли алав.
Гуфт:
— Бас кун!
Кӯ хат фиристодаст?
Дар даруни хат... чӣ гапи нав?
— Нома аз духтаре, Садаф номе.
Гир онро ба ҳар ду чашмат мол.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё