Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Дар ин мисол «дар ҳама ҷо» ибораи хулосакунанда буда, баъд аз ҳоли чида ифода ёфтааст.
Аъзоҳои чида ба вазифаи кадом аъзои ҷумла оянд, калима ва ибораҳои хулосакунанда ҳам ба ҳамон аъзои ҷумла далолат мекунанд.
Аз ҷумлаи якуми номбаршуда аъзоҳои чидаро (ангур, себ, нок, анор, олую гелос ва ғайра) партоем ҳам, ба маъзмун халал нарасида, ҷумла шакли зеринро мегирад: Дар боғи колхозӣ ҳа- ман дарахтони мевадор ба ҳосил даромаданд. Дар ин ҷумла ибораи «ҳамаи дарахтони мевадор» мубтадо аст.
Агар аз ҷумлаи дуюм аъзоҳои чидаро (дар саҳроҳои колхо- зӣ, дар фабрикаю заводҳо ва муассисаҳо) партоем, ҷумла шак- ли зеринро мегирад: Дар ҳама ҷо халқи советӣ қаҳрамонӣ ни- шон дода истодааст. М и с о л ҳ о:
Вай тамоми чизҳои атроф: чинорҳо, ҳарсангҳо ва оби шӯхи ҷӯйро аз назар мегузаронад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дар қафасҳо мургони шикорӣ: бошаҳо, бозҳо ва шоҳинҳо беҳа- ракат сарҳояшонро ба як тараф гардонда нишастаанд (С. Улуғ- зода, Субҳи ҷавонии мо). Дар деворҳои хона яроқу аслиҳаҳои гуногун: шофу шамшерҳо, найзаҳо ва сипарҳои хуршедтамга овехта шудаанд (С. Улуғзода, Ибни Сино). Ин ҷонварҳо ба ҳа- ма чиз: ба либос, ба рӯй ва ба мӯй мечаспанд (С. Улуғзода, Ибни Сино). Дар ин ҷо аз кӯраҳо дӯлҳои ранг ба ранг: сабз, бунафш, зард ва сиёҳ фаввора мезаданд (С. Улуғзода, Наво- бод).
Дар мисолҳои зерин калимаю ибораҳои хулосакунанда ва аъзоҳои чида ба вазифаи гуногуни синтаксисӣ омадаанд. Пада- рам муллоҳои расмиро: имомҳо, қозиҳо ва раисҳоро бисёр бад медид... (С. Айнӣ, Куллиёт). Хӯрокворӣ: об, ем ва бедаи асҳов ба охир мерасид (Р. Ҳалил, Одамони ҷовид). Чойхонаҳо, дӯкон- ҳои баққолӣ ва атторӣ — ҳама бастаю тахтабандӣ буданд (Р. Ҳалил, Одамони ҷовид). Дарахтҳо, хонаҳои баланду паст, заминҳои кишт, пастию баландиҳо — ҳама ба назар метофтанд... (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Вай фақат ба кори фирқа не, ба кори шӯ- ро, артель, деҳқонӣ, мактаб, қироатхона, хулласи калом ба ҳа- ма кор нигоҳу назорат мекардааст (Р. Ҳалил, Одамони ҷовид). Оташи ин тарафҳо, бо рангҳои гуногун: сурху зарду бунафшу сабзу нилобӣ шуда мебаромаданд... (С. Айнӣ, Куллиёт). Онҳо ҳамаи ҷойҳо ба назар намоёни колхоз: пахтазор, мевазор, ток- зор, лимӯзорро давр заданд («Тоҷикистони советӣ»).
Баъзан аъзоҳои чида пас аз калимаҳои хулосакундаю ха- бар, яъне дар охири ҷумла низ меоянд:
Ман аз совхоз хеле ниҳол гирифтам: анор, анҷир, ношпӯтӣ ва себ (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Гоҳо хабарҳо бо калимаҳои чида пас аз калимаҳои хулоса- кундаю хабари ҷумла такрор шуда меоянд:
Амир чанд чиз дорад: дор дорад, манор дорад, нақорахона дорад, зиндон, обхона ва канахона дорад (С. Айнӣ, Куллиёт).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё