Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
дилаш гуфт... (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Оқилов ба Ҷӯра-Саркор ба ҷои машина додан як варақи калон коғазро дароз кард (А. Сидқӣ, Ҷӯраи деринаи ман).
ҲОЛИ ХИЛОФИ ЧИДА
Ман бо вуҷуди он ҳама мондагӣ ва бедорхобӣ шаби дароз хобида натавонистам (С. Айний, Марги судхӯр). Ӯ бо вуҷуди қадди паст ва ҷомаҳои фароху дарозии маҳаллиаш дар ҳаракатҳои варзишу бозӣ аз мо бачагон чобуктар менамуд. Бо вуҷуди чину оҷинҳои рӯй ва пешониаш ва сафедӣ афтодан ба рӯи абрӯвонаш аз дидани тарзи қадамгузорӣ ва овози қаҳқаҳои ҷарангосиаш гумон мекард, ки ҳанӯз ӯ дар байни чилу панҷоҳ мегардад (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон).
ҶОИ ҲОЛИ ХИЛОФ
Ҳоли хилоф дар ҷумла одатан пеш аз эзоҳшавандаи худ меояд. Вай баъд аз мубтадо, дар аввали ҷумла, дар байни дигар аъзоҳои ҷумла омада метавонад: Сурат бо вуҷуди калон ва бисёр равшан набуданаш ҳусну латофати хонаи мо буд (Б. Ортиқов, Гули садбарг) ... чор дастгоҳаш бо вуҷуди доштани кори тайёр бекор истода буд... (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон). Аз ин ҷамъиятҳои калон ҷамъиятҳои саисон ва машкобон бо вуҷуди бо рӯҳи динӣ навиштагӣ будани рисолаҳошон як дараҷа манфиати пешаваронро риоя мекарданд ва интихоботи инҳо ҳам ба шакли умумӣ буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Бар хилофи нусхазанхона дар арббандиҳо кор кам буд (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон).
КАЛИМА ВА ИБОРАҲОИ ХУЛОСАКУНАНДА
Вазифаи грамматикии калима ва ибораҳои хулосакунанда ҷамъбаст ва умумӣ карда нишон додани аъзоҳои чидаи ҷумла мебошад. Агар мо аъзоҳои чидаи ҷумларо ҳамчун ҷузъ тасаввур кунем, калимаҳои хулосакунандаро кулли онҳо ҳисоб кардан мумкин аст.
Калимаҳои хулосакунанда, одатан, пеш аз аъзоҳои чида ва гоҳо пас аз аъзоҳои чидаи ҷумла меоянд. Онҳо на фақат бо сараъзоҳо, балки бо аъзоҳои пайрави чида низ омада метавонанд:
Дар боғи колхоз ҳамаи дарахтони мевадор: ангур, себ, нок, анор, олую гелос ва ғайра ба ҳосил даромаданд. Дар ин мисол «ҳамаи дарахтони мевадор» ибораи хулосакунанда буда, пеш аз мубтадоҳои чида воқеъ гардидааст.
Дар саҳроҳои колхозӣ, дар фабрикаю заводҳо ва муассисаҳо — дар ҳама ҷо халқи советӣ қаҳрамонӣ нишон дода истодааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё