Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Исм ва ибораҳои исмӣ ба вазифаи ҳоли хилоф ба воситаи пешояндҳои гуногун меоянд:

... бар хилофи чашмдошти ҳамаи муллоён ва тамошобинон, ки шумоён ҳам дар қатори онҳо ҳастетон, ба ман даҳяк доданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Бар хилофи кӯҳансолон қисми зиёди ҷавонон... заминро ба шодмонӣ қабул мекарданд (А. Сидқӣ, Ҷӯраи деринаи ман).— Астағфируллоҳ ал-азим...— бар хилофи одат газаби ҷаҳолатро фурӯ бурд мулло... (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот).

... аммо бар хилофи косибхонаи Самарқанду Бухоро ман дар ин ҷо дӯконхонаи ҳатто дудастгоҳноке надидам (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон). ... чӣ гуна шумо аз манфиати худ чашм пӯшидед ва бар хилофи ҳама ҳамкоронатон дар фикри ҷалби меҳмонон нашудед? (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон). Аммо вай бар хилофи чашмдошти адамон баҳсу мунозира накард, «не» ҳам нагуфт ва монандӣ ҳама розӣ шуд (А. Сидқӣ, Ҷӯраи деринаи ман). Ӯ ғайричашмдошти ман худро ба даруни оташ зад. ... Ҳамаи онҳо, қатъи назар аз савияи донишашон ба табақаи уламо мансуб буданд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Лекин имрӯз аз ғайри чашмдошти мо дар вақти чоштгоҳ ба хона баргашт (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Акнун амакам аз ғайри чашмдошти худам маро як зимистон аз ширинӣ таъмин кард, пас ман чаро хурсанд набошам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Ҷонишинҳои ишоратӣ ба вазифаи ҳоли хилоф бо пешоянди «бо вуҷуди» меоянд: Баъд аз ин воқеа Қорӣ Самеъ то зинда буд ба кӯча намебаромад ва агар барояд ҳам, ба қиёфати одамони оддӣ шуда мебаромад ва бо вуҷуди ин аз забони мардум халосӣ намеёфт (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳеҷ аломате дида намешуд, ки аз вайрон шудани ҳаво дарак диҳад. Бо вуҷуди ин ҳаво хунук буд ва бадани пирамард меларзид (Журн. «Садои Шарқ»).

Феъли ҳол ва ибораҳои вай ба вазифаи ҳоли хилоф бе пешоянду пасоянд меоянд: Азимшоҳ гум шудани ду гӯсфанди худро шунида, ҳеҷ изҳори андӯҳ накард (С. Айнӣ, Куллиёт). Вай ба нотобии худ аҳамият надода хеста гаштан гирифт (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).— Ман... намедонам, аммо вай гапи маро нагирифта, гурехта ба уштилноҳа рафт (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Масдар ва ибораҳои масдарӣ ба вазифаи ҳоли хилоф мисли исмҳо бо ёрии воситаҳои зиёди грамматикӣ меоянд: Аз мағрурӣ бошад, дар вай асаре набуд, бо вуҷуди панҷ паҳлавонро ғалтонданаш дар маҷрака чунон меистод, ки кас гумон мекард «ҳамин замон ӯ аз шармгинӣ об шуда ба замин хоҳад рехт» (С. Айнӣ, Куллиёт). Бегоҳии ҷумъа бо вуҷуди навкор ва ноомил буданамон ҳар кадомамон дувоздаҳ-понздаҳтогӣ кор баровардем (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон).

Одинаев ба ҷои бадқаҳр шудан зери лаб ришханд карду дар

пешина
аз 312
навбатӣ