Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

... ӯ пеши пояшро надида пой намегузорад (С. Айнӣ, Куллиёт). Вай ба шарти баргашта омадан розӣ мешавад (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҳоли шарт асосан бо ибораҳои исмӣ, феъли ҳол ва масдарӣ ифода меёбад. Исм ва ибораҳои исмӣ ба вазифаи ҳоли шарт бо ёрии пешояндҳо меоянд: Баъд аз ду сол дар зиндон хобида, чанд бор қини подшоҳро дидан ду таноб замини дар Қаҳқашон доштаамро фурӯхта харҷ карда, бо шарти қабули сарбозии амир аз зиндон халос шудам... (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ба вазифаи ҳоли шарт феъли ҳол ва ибораҳои он нисбатан бештар ва бевосита меоянд: Ҷавонони ширинӣ аз ин маслиҳат напурсида ҳеҷ кор намекарданд (С. Айнӣ, Куллиёт). ...нафаҳмида гап намезад (С. Айнӣ, Куллиёт). — Ҳар чизе, ки ба фикрам ояд, ба шумоён нагуфта, ба кӣ мегуфтам... (А. Сидқӣ, Чӯраи деринаи ман). Ман вайро надида, аз Тӯс рафта наметавонистам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Нишон як корро надониста намекунад, агар лозим шавад, худаш ҷеғ мезанад, — гуфта моёнро нигоҳ дошт (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Ибораҳои масдарӣ ба вазифаи ҳоли шарт асосан бо ёрии пешояндҳои «ба шарти», «бо шарти» ва «дар сурати» меоянд:

Худи Абдуллоҳоҷа ҳам, ки ман бо ӯ дар хонаи Шарифҷон-Махдум шинос шуда будам, ба ман аз адабиёт гап мезад ва китобҳои адабиашро ба шарти дар хонаи худаш нишаста мутолиа кардан медод (С. Айнӣ, Куллиёт). Ин кас ҳам ба ҳаваси дарсгӯй афтода будааст, ки ҳуҷраашро ба ман ба шарти шогирди ӯ шуданам додааст (С. Айнӣ, Куллиёт).

ҲОЛИ ШАРТИ ЧИДА

Суханро наандешида, насанҷида магӯ. (Зарбулмасал). Ҷои ҳоли шарт. Чи хеле ки аз мисолҳои дар боло зикршуда аён аст, ҳоли шарт пеш аз эзоҳшавандаи худ меояд. Агар ҳоли шарт бо ибораи феъли ҳол ифода ёфта бошад, аксар дар паҳлуи хабар ва агар бо ибораи масдарӣ ифода ёфта бошад, ҳам дар паҳлуи хабар ва ҳам аз он дуртар воқеъ шуданаш мумкин аст.

ҲОЛИ ХИЛОФ

Ҳоли хилоф аъзои ҷумлаест, ки дар воқеъ гардидани амал вай ба инобат гирифта нашудааст, ва ё ба он муқобил меистад:

... Он мадраса бо вуҷуди бисӯрии мударрисонаш дарсхона надошт (С. Айнӣ, Куллиёт). Бо вуҷуди синнаш болотар аз шаст будан дар ришаш торҳои сафед кам менамуд ва ба ҳамин муносибат ӯро мардум «сиёҳпир» мегуфтанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Кӯчаи Машҳад бар хилофи тамоми шаҳр як ҷӯи калоне дошт (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон).

Ҳоли хилоф бо исму ибораҳои исмӣ, феъли ҳол ва ибораҳояш, масдару ибораҳои масдарӣ ифода меёбад.

пешина
аз 312
навбатӣ