Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
аъзоҳои чида пешояндҳои синонимӣ истифода меёбанд: Рӯзе ман барои аҳволпурсӣ ва ба умеди фаҳмидани ҳолати даруниаш ӯро дунболагирӣ карда дар гулзори беруни шаҳр даръёфтам (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҳолҳои мақсади чида ба якдигар дар муносибати замонӣ, хилофӣ ва ҷудой омада метавонанд ва дар чунин ҳолатҳо алоқаи онҳо ба ҳам ба воситаи интонация ва пайвандакҳои пайҳам, хилофӣ ва ҷудой ба амал меояд. Мисол:
Худаш бошад, барои як худро нишон додан аз аҳволи замон бохабар ва пас аз паи корҳои дигар шудан ба идорааш рафт (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Маълум мешавад, ки инҳо барои хайрухуш нею балки барои ба ман алам додан омадаанд (С. Сидқӣ, Ҷӯраи деринаи ман).— Кадом вақт ки навбат расад, мераванд, «на барои шумо», балки барои манфиати худашон, барои манфиати подшоҳӣ мераванд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ба як кас бовар карда, кори калонро ба ӯ месупоранд, ӯ қасдан ӯ ин ки саҳван ин корро вайрон карда мефиристонад (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳаргиз гумон накунед, ки пирамард маҳз барои овехтан ё барои ба дигарон нишон додан шохчаҳои дарахтҳоро мешикаста бошад (С. Сидқӣ, Ҷӯраи деринаи ман). Рӯзона ба нияти зиёрат ё сайҳат ҳар кас ба ин мазор ва ба наздикии ин гор омада равад ҳам, шабона касеро ёрои он набуд, ки дар ин давру пеш қадамгузор шавад (С. Айнӣ, Кул-лиёт).
ҶОИ ҲОЛИ МАҚСАД
Ҳоли мақсад асосан пеш аз калимаи эзоҳшавандааш меояд, агар ҷумла тафсилӣ бошад, метавонад дар аввали ҷумла ва ё мобайн ояд, вале пас аз мубтадову пеш аз хабар омадани ҳоли мақсад (дар ин гуна ҳолатҳо пеш ва ё пас аз дигар аъзоҳои пайрав омаданаш мумкин) дар забони адабии тоҷик зиёдтар ҷой дорад:
Барои ташкил кардани ин гуна маҳкама... касе таъин карда шавад (С. Айнӣ, Куллиёт). Инак барои ҳамин мақсад Кӯшот Қамарбоборо ба асп савор карда ба ҳамсоягӣ... фиристод... (С. Айнӣ, Куллиёт). Халифа шуморо барои кор кунондан, қолин бофондан гирифтааст (С. Айнӣ, Куллиёт). Бой ба шумо барои тоза карда додан боз гӯша диҳад... (С. Айнӣ, Куллиёт). Инҳо барои ошу нони ту ғун мешаванд... (С. Айнӣ, Куллиёт). Ин айвон барои бошиши одамон набуда, балки онро махсусан барои кафтарон сохта буданд... (С. Айнӣ, Куллиёт).
ҲОЛИ ШАРТ
Ҳоли шарт бо кадом шарт воқеъ шудани амалу ҳолатро ифода менамояд.
Ман ӯро надида рафта наметавонам (Журн. «Садои Шарқ»).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё