Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

«ваҷҳи шарҳӣ» доштааст... (С. Айнӣ, Куллиёт). — Туро, барои ба суди ҳарбӣ додан нигоҳ доштанд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Пешоянди асосие, ки бо ёрии он масдар ва ибораҳои масдарӣ ҳоли мақсад шуда меоянд, пешоянди изофии «барои» мебошад. Чунончи:

Барои зудтар рафтан кӯшиш мекунам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Вай пахтаи ба сари тарозу овардашударо ҳам бармекашид, ҳам барои каме хушк кардан ба офтобрӯя паҳн мекард (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Барои дарав кунонидани янтоқ ба сартарошхона омад (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот).

Барои бо масдар ва ибораҳои масдарӣ ифода ёфтани ҳоли мақсад пешояндҳои таркибии изофии «ба мақсади», «бо мақсади», «бо нияти», «ба умеди» низ ёрӣ мерасонанд: Ман ҷойнику пиёларо ба наздиктари худ кашида мондам ва ба мақсади пай бурдан ба аҳволам ба тарафи ӯ нигоҳ кардам (С. Айнӣ, Куллиёт). Мо ончунон ташнаи мактабхонӣ будем, ки бо нияти ба шаҳр рафтану ба мактаб дохил шудан кӯшиш мекардем камтар хӯрем ва бештар захира кунем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). ... бо нияти ӯро бедор карда аз корҳои имрӯз кардааш маълумот додан тирезаро се бор пуштинохунӣ зад (С. Айнӣ, Куллиёт).

ҲОЛИ МАҚСАДИ ЧИДА

Ҳоли мақсад дар ҷумла чида шуда ҳам меояд. Ҳолҳои мақсади чида ба эзоҳшавандаашон асосан ба воситаи як пешоянд муносибат пайдо мекунанд, ки одатан пеш аз чидаи якум воқеъ мегардад:

Дар ошхона барои ошпазӣ ва обгармкунӣ дегҳои ҷудогона шинонданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Маҷлис барои ҷамъ кардани кӯпкоризон ва гирифта бурдани он ба Бухоро шитобкорона пароканда шуд... (С. Айнӣ, Куллиёт).

Баъзан пешояндҳо бо ҳар як аъзои чидаи ҳоли мақсад такрор шуда ҳам меоянд. Ин ҳолат баъзан бо ниятҳои услубӣ, барои таъкиди ҳар ду ҳисса ва ба онҳо додани задаи мантиқӣ ба амал меояд. Агар аъзоҳои чида бо ҳиссачаи таъкидии «ҳам... ҳам» ва ё ҳиссачаи инкории «на... на» омада бошанд, такрор ёфтани пешоянд ҳатмист. Чунончи:

Ҳам барои осуда нигоҳ доштани худ ва ҳам барои нигоҳ доштани яроқҳо то омадани соҳиби ҳақиқии онҳо онҳоро Урмон-Полвон ва Бозор амин, ки ба инҳо дили ҳукуматҳо пур шудааст ва хонаи онҳоро ҳеҷ гоҳ нахоҳанд кофт, супурда монданатон даркор аст (С. Айнӣ, Куллиёт).

Пешоянд бо ҳар як аъзои чидаи ҳоли мақсад инчунин вақте ба таври ногузир меояд, ки он аъзоҳои чида ба ҳам дар муносибати хилофӣ бошанд: — Ин кӯрпаҳоро ба барои дар хона мондан, балки барои фурӯш тайёр кардаанд... (С. Айнӣ, Куллиёт). Барои такрор накардани айни як пешоянд, баъзан бо

пешина
аз 312
навбатӣ