Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Остинҳои куртаи сатини гулобии навашро, ки имрӯз барои пахтачинӣ ба ҷои куртаи шоҳӣ пӯшида буд, бар зада аз оринҷҳош болотар баровард... (С. Айнӣ, Куллиёт). Соли гузашта барои саёҳат ба Душанбе мерафтаму дар ресторани вагон бо як одам шинос шудам (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Рӯзи чорум барои ҳолпурсӣ ба назди Ҳуррам ба қисми санитарӣ омадам (Журн. «Садои Шарқ»). Аз рӯи қавли Ашӯр амалдор ёбони Қарохониро мол карда шудааст, ҳозир ба ҳавлии Қувватхон барои шӯрбохӯрӣ даромадааст... (С. Айнӣ, Куллиёт).— Ман магар ба шаҳр барои гардиш рафта будам! (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот).
Исмҳо ва ибораҳои исмӣ ба вазифаи ҳоли мақсад бо ёрии пешояндҳо ва пасояндҳо меоянд. Ҳоли мақсаде, ки бо исмҳо ва ибораҳои исмӣ ифода ёфтааст, бештар бо пешоянди изофии «барои» меояд. Бо ёрии ин пешоянд маънои мақсадии таркиби равшантар зоҳир мегардад. Чунончи:
Гурӯҳи аскарони сурх, партизанҳои сурх, калтакдорони сурхи деҳқонони меҳнаткаш барои басмачиковӣ ба як деҳа мерафт (С. Айнӣ, Куллиёт). Бегоҳии ҳамон рӯз, вақте ки ҳамқишлоқон барои муборакбодии аз ҷанг баргаштани Нуралӣ дар ҳавлии ӯ ҷамъ шуда буданд, Бобосаиди пир таллонро етак карда оварда, дар пеши хурду калон ба Нуралӣ тақдим намуд (С. Улуғзода, Диёри Навобод). Мудири магазини кооператив ҳам бо молфурӯшии худ молҳои боқимондаи дӯконро ба ҳисоб гирифта барои қабули молҳои саноатии намоянда ҳозир мешуд... (С. Айнӣ, Куллиёт). Вақте ки ҳама берун баромаданд, Вера Нуралиро «барои як даҳан гап» ба тарафе ҷеғ зад... (С. Улуғзода, Диёри Навобод). ...Ночор барои талафи ғалла ба дари хонаи бой рафт (С. Айнӣ, Куллиёт).
Исмҳо ва ибораҳои исмӣ ба вазифаи ҳоли мақсад бо ёрии пешояндҳои таркибии изофӣ низ меоянд:
Намуданд ҷанг аз барои Ватан
Маҳу солҳои падарҳои ман.
Намуданд ҷанг аз барои ҳаёт,
Барои саодат, барои наҷот.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)
— Назар ба қавли ӯ,— гуфт Қутбия,— Ҳасан ба вайрон кардани сеялка ва бо нияти зараррасонӣ барҳам додани культиватор айбдор шудааст... (С. Айнӣ, Куллиёт). Хушбахтона, он чақмоқ ҳоло бо ӯ будааст ва ман бо мақсади алавдаргиронӣ зуд як қабза хасу хошок чида овардам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Бо масдар ва ибораҳои масдарӣ. Вақте ки Сафаргулом барои гап задан аз ҷояш хест, Шошмақул ҳам аз ҷояш ҷаста хеста... (С. Айнӣ, Куллиёт). Ман барои ба даст даровардани касе омада будам, ки ба вай яке аз мӯътабарони Сари Чӯй

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё