Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
ба якдигар бо интонатсияи пайвасткунӣ ва пайвандакҳои пайвасткунандаи ва, -у (-ю) алоқаманд мешаванд: Баъзе хушаҳо бо нишастани паррандагон ба болои худашон, ё бо нӯл задани онҳо аз камоли пухтагӣ, хушкӣ ва пӯробӣ шикаста ба замин меафтоданд... (С. Айнӣ, Куллиёт). Ба сабаби камбориӣ гузаштани зимистон ва тамоман беборон омадани баҳорон на танҳо ҷав ва гандум барин киштҳои баҳорӣ, ҳатто барги дарахтон ҳам рӯ ба пажмурдагӣ оварда буд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Бо пайвандакҳои хилофӣ ва ҷудоӣ ба ҳам алоқаманд шудани аъзоҳои ҷудои ҳоли сабаб кам дида мешавад. Чунончӣ: Барои эҳтимоли аз пушт расида омадани аскарони мусаллаҳи афғон ва ё аз пеш вохӯрдани корвон аспҳоро як-ду манзил давондан даркор буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дигарон дар ҷангҳои хунрезона бар зидди қувваҳои як чанд бор зиёди душман ё ҳалок ё ярадор шуда, аз саф баромада буданд (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
ҶОИ ҲОЛИ САБАБ ДАР ҶУМЛА
Ҳоли сабаб дар забони адабии тоҷик одатан пеш аз эзоҳшавандаи худ меояд, чунки воқеъ гардидан ва ё нагардидани амал ва ба туфайли он тамоми ҷумла ба ҳоли сабаб вобаста аст. Ин аст, ки ҳоли сабаб асосан дар аввали ҷумла, баъзан пас аз мубтадо ва гоҳо дар байни аъзоҳои пайраву паҳлуи хабар воқеъ мегардад. Мисол:
Аз бахилӣ шуморо дида наметавонист (Ф. Ниёзӣ, Вафо). ...замини ҳавлиашон аз бепоёнобӣ хароб мешавад (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Як рӯз амир Ҳайдар бинобар бисёр будани аризаҳо, аз тарси дермонии дарсгӯиаш, ки онро хеле муҳим мешумурд, онҳоро (аризаҳоро) рӯякӣ ва шитобкорона аз назар мегузаронид (С. Айнӣ, Куллиёт).
ҲОЛИ МАҚСАД
Ҳоли мақсад барои чӣ ва бо кадом мақсад воқеъ шудани амалу ҳолатро ифода менамояд. Ҳоли мақсад бо зарфҳои мақсад, исм ва ибораҳои исмӣ, масдару ибораҳои масдарӣ ва феъли ҳол ифода меёбад.
Бо зарф. Зарфҳои мақсад дар забони адабии тоҷик ниҳоят кам мебошанд. Онҳо ба ин вазифа бевосита омада, бо эзоҳдиҳандаи худ бо роҳи ҳамроҳӣ алоқаманд мешаванд:
Медонӣ! Лекин қасдан худро ба нодонӣ мезанӣ! (С. Айнӣ, Куллиёт). Шодӣ мақсади Дилбарро хуб медонист, лекин қасдан шӯхӣ карда, гапро кашол медод... (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Бо исм ва ибораҳои исмӣ. Ба вазифаи ҳоли мақсад исмҳо ва ибораҳои исмӣ ба таври фаровон оянд ҳам, ҳамаи исмҳо дар ин маврид истеъмол намеёбанд. Ба ин вазифа асосан исмҳои маънии гурӯҳи ҳаракат меоянд. Мисол:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё