Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
кор рафт (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳоҷиумар бо раис гапаш гурехта ба колхози «Ситораи Сурх» кӯчида рафт (С. Улуғзода, Диёри Навобод).
ҲОЛИ САБАБИ ЧИДА
Ҳоли сабаб ба тарзи чида низ воқеъ мегардад. Ҳоли сабаби чида ба эзоҳшавандаи худ асосан бо як воситаи грамматикӣ алоқаманд мешавад:
Офтоб роҳи худро дигар карда хеле ба тарафи ҷануб рафта аз болои кӯҳистони Тоҷикистон дур шуда бошад ҳам, ба сабаби оромӣ ва софии ҳаво тобишаш асарнок буд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Пешояндҳо баъзан бо ҳар як аъзои чида такрор шуда меоянд, ки дар ин ҳолат аъзои чида як навъ таъкид меёбанд:
Барои ӯҳдабароёна таълим додани отделенияи худ ва барои намунавор адо кардани хизмат ба шумо ташаккур баён мекунам (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Аммо ба сабаби нарасидани қувваи коргарӣ ва аз сабаби қувваи асосии колхозҳоро ба кори пахтазор сафарбар намудан қисми зиёди мевазорҳо камҳосил шуда, ҳатто баъзе навъҳои хуби ангуру шафтолу аз ин боғот нест шуда рафтанд (А. Сидқӣ, Чӯраи деринаи ман).
Бисёр пешояндҳо, ки барои ифодаи ҳоли сабаб хизмат мекунанд, синоними якдигар мебошанд ва ба ҷои якдигар озодона истеъмол меёбанд. Ин хусусияти пешояндҳо, ки ба ифодаи ҳоли сабаб бо ҳиссаҳои гуногун ва ибораҳои ҳархела ёрӣ мерасонанд, имконият медиҳад, ки бо ҳар як аъзои ҳоли сабаб пешояндҳои гуногун, вале ҳамвазифа оянд: — Дуруст аст,— гуфт Содиқ,— аз барои ба колхоз даромаданам набошад ҳам, ба сабаби нобуд шудани молҳоям, ҷавонмарг шудани «сиёҳқундузам» ва ба болои онҳо ба сабаби пеш нарафтани кори колхоз на танҳо мурғи диламро, ҳатто қариб буд, ки худамро ҳам аз даст диҳам (С. Айнӣ, Куллиёт).
Дар ин мисол чорто ҳоли сабаб 1) аз барои ба колхоз даромадан, 2) ба сабаби нобуд шудани молҳоям, 3) ҷавонмарг шудани «сиёҳкундузам», 4) ба сабаби пеш нарафтани кори колхоз чида шуда омадааст. Аз онҳо якум бо пешоянди «аз барои», ки хусусияти халқӣ-гуфтугӯӣ дорад, дуюм ва чорум бо пешоянди умумиистеъмолии «ба сабаби» омада, сеюм бе пешоянд омада бошад ҳам, пешоянди дуюм ба дуюму сеюм як хел мансуб аст.
Муносибати байни худи аъзоҳои чидаи ҳоли сабаб ҳам як хел набуда, гуногун аст. Чунончи, дар мисоли зикршуда аъзоҳои чидаи якуму дуюм дар муносибати хилофӣ буда, аъзоҳои чидаи дуюм, сеюм ва чорум ба якдигар дар муносибати якхелаанд, ки он дар такрорёбӣ ва паиҳамӣ зоҳир мегардад.
Аъзоҳои чидае, ки ба ҳам дар муносибати замонӣ буда, он
дар такрорёбӣ, пайдарҳамӣ ва якзамонии ҳодисаҳо зоҳир мешавад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё