Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

шудӣ... (С. Айнӣ, Куллиёт). ...Он заминҳо баробари пахтаи барвақтӣ ҳосил надода бошанд ҳам, дар сояи меҳнати боғайрат ҳосили миёна доданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ба шарофати Ҳукумати Шӯроӣ аз пардаи сиёҳ ва зиндони хона озод шудем (С. Айнӣ, Куллиёт).

Бо таркибҳои ҷонишинӣ. Ҷонишинҳои ишоратӣ бо пешояндҳои сабабӣ дар шакли таркиб ба вазифаи ҳоли сабаб омада метавонанд: Аммо соли гузашта дар мавсими олугундорӣ фалокате рӯй дод, ки аз сабаби ин Ҳасан, аз як тараф, аз ҳамаи бародару бародарзодагонаш ҷудо шуда бошад, аз тарафи дигар, дили худашро ҳам бой дода монда буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Аз деҳа болотар кони ангиштсанг ёфт шуда буд ва бинобар он ба воситаи деҳа роҳи калони сангфарш ҳам кашида шуда буд, ки он барои зудтар тараққӣ кардани деҳа як омили муҳим буд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Борони сел борид, ки дар натиҷаи он ҳама майдонҳоро об зер кард (Журн. «Садои Шарқ»).

Бо феъли ҳол ва ибораҳои он. Ӯ ғарқи тамошо ва андешаҳои ошиқона шуда, аз гардиши лангари саат бехабар буд... (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Аъзои ҷамъияти камбағалон шуда истода, ба гапҳои кӯчагӣ бовар карда гаштани ӯ айб аст (С. Айнӣ, Куллиёт). Ман тоқат карда натавониста, кӯрпаро ба сарам кашидам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Сардори стансия графики ҳаракати поездҳоро баҳона карда, ба фуровардани тухмипошак розӣ намешуд (А. Сидқӣ, Чӯраи деринаи ман).

Бо масдар ва ибораҳои масдарӣ. Дар ифодаи ҳоли сабаб бо масдар ва ибораҳои масдарӣ қариб ҳамаи он воситаҳои грамматикие, ки бо исм омада буданд, иштирок менамоянд:

Падарам бинобар кӯҳнаварзишкор буданаш бисёр ҷусту чолок ва боқувват буд (Ҳ. Ирфон, Дар кулбай косибон). Назар ба нақли маҳрамони қозикалон, ӯ ин корро барои аз одат берун буданаш ба амал наовардааст (С. Айнӣ, Куллиёт). Ба сабаби маҳрум монданатон аз ин тамошои муфти табиӣ, албатта, ғамгин мешавед, лекин дилтангӣ накунед! (С. Айнӣ, Куллиёт).— Ман ҳам аз сабаби дӯст доштани касбу кори худ ҳамин хел мегӯям... (Ф. Ниёзӣ, Вафо). ...дар натиҷаи ба рӯд наздик кардани ҷӯй мо се метр заминро бозэӯфт кардем (С. Айнӣ, Куллиёт).
...Муҳаммадҷонако ба муносибати омадани Барака аз нав ҷавон шуд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Аҳмад-Махдуми Дониш аз ҷиҳати бемори барҷомонда буданаш ба кори комиссия иштирок карда натавонист (С. Айнӣ, Куллиёт).

Бо таркибу ибораҳои рехта ва фразеологӣ. Дар забони адабии ҳозираи тоҷик бисёр таркиб ва таъбирҳои рехтаву фразеологӣ ҳастанд, ки ба вазифаи ҳоли сабаб меоянд. Баъзеи онҳо агарчи шаклан ба ибораҳои феъли ҳол шабоҳат дошта бошанд ҳам, яклухтию устуворӣ ва як мафҳумро ифода намуда, хусусияти зарфӣ гирифтани онҳо, инчунин маънои маҷозӣ доштанашон аз онҳо истисно мекунад. Чунончӣ:

Имрӯз ба зӯр хест ва аз рӯи акааш гузашта натавониста ба

пешина
аз 312
навбатӣ