Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

вазифаи ҳоли сабаб оянд, бисёр нестанд ва якчанд калимае, ки чун зарф ба вазифаи ҳоли сабаб меоянд, дар айни замон тобиши тарз доранд.

Чунончи: Ба ҳамин мулоҳиза ӯ низ ночор роҳи хонаи худ-ро пеш гирифт... (С. Айнӣ, Куллиёт). Имрӯз, ки хонааш ҳам ғалтида, бе сарпаноҳ монд, дигарбора қатъитар карда масъала-ро ба майдон овард ва дар натиҷа чор-ночор занашро ҳам қа-бул кунонид (С. Айнӣ, Куллиёт). Пас, ноилоҷ аспашро «чу» гуфта роҳи «Навобод»-ро пеш гирифт (С. Улуғзода, Диёри На-вобод). Лоилоҷ аз поён Оими Кафшумаҳсӣ ва боз як кайвонии дигарро ҷег зада овард ва духтарон ба зӯр аз ҳамдигар ҷудо карданд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).

Бо исм ва ибораҳои исмӣ. Аз беборишӣ оби Қашқадарё хушкид, об ки нашуд, сабзавоткорӣ, обчакорӣ ва боғдорӣ ҳам нашуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Аммо бо таъсири рӯзҳои офтобноӣ пай дар пай баҳорон барфи ғафси биёбон об шуда, дар ҳар ҷо-ҳар ҷо кӯлмакҳое, ки рӯйҳояшон қаймоқақ ях баста буд, пайдо шуда буданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Лекин ба сабаби хурдсолиаш роҳи ба амал овардани он фикри худро наёфт (С. Айнӣ, Кул-лиёт).

Ба вазифаи ҳоли сабаб ҳамаи исмҳо намеоянд. Ба ин вазифа бештар исмҳои маънию ҳолат бо ёрии пешояндҳои аслӣ, изофӣ ва таркибии изофӣ омада метавонанд:

...одамони маҳалла аз шодӣ ба ҷомаи худ намеғунҷиданд (Р. Ҳалил, Шикасти тилисмот). Умрихола суханҳои Юнусбоборо бо диққати том гӯш мекарду ашкони аз ҳаяҷон беихтиёр дар чашмонаш ҷӯшидадо дам ба дам бо нӯғи қарсаш пок мекард. (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Сафар ҳам сабаби қонеъкунанда наёфта, аз саросемагӣ якбора баҳонае нишон дод, ки аз гуфтани он худаш ҳам дар ҳиҷолат монд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ин ҷавоби ман нисбат ба он пурсандагон як ҷавоби ҳайратовар буд ва бо тақозои ҷавонӣ худам аз ин ҷавоби худ завқ мебурдам (С. Айнӣ, Куллиёт). Шумо бошед, бо хоҳиши ҷавонӣ ва камтаҷрибагӣ ба мардум фирефта мешавед (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар ояндаи «Ёддоштҳо» ба чандин муносибат ӯ ёд карда хоҳад шуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Вай, бинобар хоҳиши аҳли гузар, бо сабаби қадрдонии падараш, муаззини гузари худамон таъин шуда буд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Аксарияти пешояндҳои таркибии изофӣ ба туфайли ҳиссаи номиашон барои барчаставу равшантар ифода гардидани ҳоли сабаб ва мазмуни сабабии он ёрӣ мерасонанд: Шариф-Махдум Муътасим ба сабаби аризаҳои шикояташ аз ҳаммансабони худ ба ғазаби амир гирифтор шуда, аз кор гирифта шуд... (С. Айнӣ, Куллиёт). Ғӯзапояҳое ҳам, ки аввал холибех баромада, дар натиҷаи меҳнатҳои пай дар пай шоҳу паҳлу дода кӯрак баста буданд, барои пурсамар шудани меҳнати ӯ сабаб мешуданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар айбдор кардан як дараҷа ҳақ ҳам доштанд, аммо ту дар сояи меҳнати коллектив аз он айб халос

пешина
аз 312
навбатӣ