Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Чашми ман гӯё ки меҷӯяд мудом
Сояи он дӯстонро субҳу шом.
(М. Турсунзода)
Рӯзу шабҳо интизорам ман ҳанӯз,
Бо дили умедворам ман ҳанӯз.
(М. Турсунзода)
ҲОЛИ САБАБ
Ҳоли сабаб сабаби воқеъ шудан ва ё нашудани кору ҳаракат ва ҳолатро мефаҳмонад: Он ҷанговароне, ки аз тарс дар ҳар гуна вазъият менишастанд, аз ҷояшон ҷунбиданӣ бошанд ҳам, ваҳм онҳоро ба замин зер карда, аз ҷо ҷунбиданӣ намемонд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Билет гирифта натавониста як шабонарӯз дар он ҷо мондам (С. Айнӣ, Куллиёт). Хасу хошоке, ки аз тафси офтоби саратон хушк шуда буд, аз зери маҳсии кӯҳнаи қориц чоқҳояш кандаи Зебӣ ба кафи пои ӯ мехалид (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Муносибати грамматикии ҳоли сабаб бо аъзои эзоҳшаванда бо мазмуни онҳо зич вобаста буда, ба дараҷае омезиш пайдо кардааст, ки бе яке дигаре ноқис ва ё зиёдатӣ менамояд. Ин ҳолат вақте равшантар ба назар менамояд, ки муносибати он бо аъзои эзоҳшавандааш бо муносибати баъзе ҳолҳо, алалхусус, бо ҳоли тарз ва макону замон бо эзоҳшавандаҳояшон муқоиса карда шавад.
Дар аксарияти ҳолатҳо ҷумла бе аъзои пайрави ҳол ҳам омаданаш мумкин аст. Аммо ин фикрро нисбат ба ҳоли сабаб гуфтан мумкин нест. Ҳоли сабаб агар аз ҷумла истисно карда шавад, аксар вақт сохти ҷумла вайрон, мазмунаш хароб ва мантиқаш барбод меравад. Ин ҳолатҳо маҳз вақте мушоҳида мешавад, ки ҳоли сабаб ба хабар, ки ташкилдиҳандаи ҷумла аст, вобаста шуда ояд. М и с о л:
— Оча, аз саросемагӣ дасту рӯямонро ҳам нашустем (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Аз корҳои бофандагӣ ман ҳанӯз бинобар хурд буданам ба ҳеҷ чиз қудратам намерасид (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон). Сониҳо ин хатои худро фаҳмида бошад ҳам, ба сабаби шӯҳрат ёфтани он тахаллус тағьир доданаш мумкин нашуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Нӯъмону Ниёз бинобар дер шудани вақт ба ҳавлиҳошон нарафта, дар ҳамин меҳмонхона хобиданд (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон). Занон овози ин мурғро шум шумурда ба тарс афтодаанд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҳоли сабаб бо зарфи сабаб, исм ва ибораҳои исмӣ, феъли ҳол, масдару ибораҳои масдарӣ ва таркибу таъбирҳои фразеологӣ ифода меёбад.
Бо зарф. Дар забони адабии тоҷик зарфҳои сабабе, ки ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё