Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

айии замон ба якдигар бо интонацияи пайвасткунӣ ва пайвандакҳои пайҳам, хилофӣ ва ҷудоӣ алоқаманд мешаванд:

Баъд аз хишова ва таноб партофтани палаки он як об медиҳанд. (С. Айнӣ, Куллиёт). Субҳ ва шом дар хонаҳои худ нону чой мехӯрданд (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).

— Аз коратон мо хурсанд, вале натиҷаи тафтишотро ҳоло не, балки пагоҳ мефаҳмед... (А. Сидқӣ, Чӯраи деринаи ман). Ба ҳар ҳол ҳар кореро, ки сар карда бошад, дер ё зуд ба поён расонида буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳамин шаб, шабона ё саҳари барвақт баромада меравем... (С. Айнӣ, Куллиёт).

ҶОИ ҲОЛИ ЗАМОН ДАР ҶУМЛА

Ҷои ҳоли замон дар забони адабии ҳозираи тоҷик қатъӣ ва устувор нест, вале вай асосан пеш аз калимаи эзоҳшаванда меояд. Азбаски ҳоли замон аксар вақт ба хабари ҷумла тобеъ аст, асосан пеш аз он воқеъ мегардад.

  1. Устувор набудани ҷои ҳоли замонро дар ҷумла ҳамин шаҳодат медиҳад, ки ҳатто як хели он ҳам дар аввал, ҳам дар мобайн ва ҳам дар паҳлуи хабар омада метавонад. Чунончӣ, ҳоли замоне, ки бо масдар бо ёрии пешоянди «баробари» ифода ёфтааст, ҳам дар аввали ҷумла ва ҳам пас аз мубтадо воқеъ шудааст. Танҳо ҳамин чиз мушоҳида мешавад, ки ин навъи ҳоли замон дар аввал зиёдтар вомехӯрад, ки ин ба задаи мантиқӣ гирифтани он вобаста аст: Баробари намоён шудани Сафар ҳама аз ҷояшон ҷунбида, илоҷи хеста-берун баромаданро меҷӯстанд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Зебӣ баробари пештар омадани вай боз ба қарос худро ба қафо кашиданӣ шуд (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

  2. Дар забони адабии тоҷик пас аз мубтадо омадани ҳамаи хелҳои ҳоли замон мушоҳида мешавад: ... вай ҳозир раиси ком-иҷроияи ноҳиявӣ мебошад... (С. Улуғзода, Навобод). Ман бо шунидани ин «насиҳат» ғайр аз сар ҳам карда хомӯш мондан чораи дигаре надоштам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Юнусбобо овози онҳоро шунидан замон ба наздиктари соати деворӣ омада, ба мили он чашм дӯхт... (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

  3. Ҷои замон дар паҳлуи хабар низ меояд: — Кори имрӯзаро ба фардо магузор (Зарбулмасал). Фазилатхола бошад, аз пеши назарам ҳаргиз дур намешуд (Журн. Садои Шарқ). Шеъри худам ба назари худам дар аввали гуфтан хуб менамуд (С. Айнӣ, Куллиёт).

  4. Ҷои замон кам бошад ҳам, баъд аз хабар меояд. Ин ҳолат асосан бо ниятҳои услубӣ воқеъ мегардад. Ғайр аз ин, агар ҳоли замон чида шуда, ҳар кадом ҳиссачаи инкории «на» қабул намояд, баъзан хабар дар байни ду ҳол воқеъ мегардад: Ҳамеша зинсавор, на шаб ором ҳаст, на рӯз (Журн. «Садои Шарқ»).

  5. Дар назм вобаста ба хусусияти он ҷои ҳоли замон озодтар буда, вай ҳам пеш аз хабар ва ҳам пас аз он омада метавонад, пас аз хабар воқеъ шудани он ҳодисаи муқаррарист:

пешина
аз 312
навбатӣ